Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нӯл заду ҳалқак ва оҳиста сар бардошта, оби даркашидаашро қулт бурд. Ва боз дуру дароз, хаёлӣ, ба кадом садойи ғайбӣ гӯш дода, якзайл умедвори чизе шуд: «Дар онҷо... Дар қабати чаҳоруми Осмон Хурӯси сафед маъво дорад. Тулӯъи Хуршедро пешвоз мегирад...»
Инак ҳаловату гувороийи обро дар ҳалқу гулӯ ва тану ҷон пай бурд. Боз сар андохт ҷониби наҳри сохтааш ва кафтаркаш кард обро. Зеро ҷигараш ҳамчу Дашти Амондара ва Дашти Малла аз беобӣ кафида, лахт-лахт сафолак баста буд ё хун.
Руди Зар ин ду даштро бурида мегузарад; обкашҳойи нерӯманди Дупула дар доманайи он бошанд ҳам Замин сингори Хурӯс ба як қатра об зор.
Хурӯс серӣ об хӯрду дамид; пару болаш фахид. Ба танаш хун давид. Сурх шуд. Сипас чу шоҳи қаноъатманд гашта орому қарор истод. Баъдтар сар ҷунбонида ба замин нигарист ва нӯл зад. Хӯрдан мехост...
Ҳамин замон ба дили Соҳиб раҳме омад, ки аз такяйи дарахти чормағз, ки муттакойи меросийи падар буд, хеста пеш омад ва мурғи донаҷӯро бардошт. Хасвор сабук буд. Вазни устухон ва пару бол монда. Гармийи мурғона низ надошт:
«Хӯрдан мехоҳад ё хонаравшанкунӣ бошад?» Ҳамон зайл бурда бехи дарахти тут гузошт.
Мурғ хеле андешаманд бар зонуҳойи пойёзидааш истод, сонӣ ба тутҳойи рехта нигариста нӯл зад. То ҷое, ки нӯлаш мерасид, чид. Дигар пеш рафта наметавонист. Гирд гашта чунон тути рехтаро тоза мекард, ки рӯфта бошанд. «Гушназада будааст».
Хурӯс афтид ба ҷӯйбор, ки оби равон дошт. Аммо мурғи ташнагиаш шикаста дигар об хӯрдан намехост.
Соҳиб ӯро бардошта бехи тут гузошт. Ба зонуйи шал ҳам истода натавониста пойҳояш дароз шуданд ва танаш паҳлӯ зад. Соҳиб чанд бор бардошту монд. Вале Хурӯс торафт пой дароз мекард...
12.06.07. Амондара

пешина
аз 344
навбатӣ