Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ШИКОЯТ
Амон шикоят дошт аз дарди пой.
Бародараш Салмон бо диққат гӯш дод, ки дарди бародар бедавост, дилсӯзӣ кард:
– Туро аз ду пой бояд овехт...

СУДХӮР
Райисшаванда Раҳмат болойи сари райиси кӯҳна пайдо шуд ва якбора матлаб ифшо кард:
– Ӯй, Тағой! Бисёр қошу қавоқ карда нашин! Ман даҳ ҳазор бурда додам. Аз райисӣ дил кандан нахоҳӣ, ёздаҳ ҳазор ба ман деҳу дар ҷоят истодан гир!

МУРҒИ ГУШНА
Мурғе тамоми рӯз «қа-қа!» зада нависандаро сахт парешон мекард. Ӯ «Кишк!» гуфт, нарафт. Санг андохт, нарафт. Сагро ҷонибаш ангехт, натарсид. Хеста пеш кард. Фикр аз сараш парид. Мурғ дур рафту боз омад. Ӯ донайи гелос андохт.
Мурғ донайи ақиқранги гелосро пуршаст дошта, пуршаст гурехт, то мурғони дигар нӯл зада аз даҳонаш нарабоянд.

ПУРСУ ПОСУХ
Паёмбар аз Худованд пурсид:
– Бандагони ту ва умматони ман зиёд мепурсанд: «Ин қадар ки месозем, оқибат кор намонад, чӣ кор кунем?»
Худованд гуфт:
«Бигӯй, ки хароб карда, боз созанд!»

ДИЛСӮЗӢ
Модаре писари ягонайи падармурдаро хонадор кард. Чанде гузашт. Ба ранги рӯйи писар нигаристу ба чеҳрайи арӯс. Арӯс шукуфта, барқ мезад; писар лоғару бенур мегардид. Нон базӯр аз гулӯяш мегузашт. Парешон шуд. Дилаш сӯхт ба писар. Илоҷ ҷуст: «Писарам, биё назди тағоят барам, то фаҳмад, ки чӣ шуда бо ту?»
Даштеро мегузаштанд. Рама мечарид. Қӯче аз паси меш метохт; навозиш мекард; лабсуруд мехонд ва мепарид. Харобу лоғар гашта буд.

пешина
аз 344
навбатӣ