МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Думбааш обу адо ва кашол ба пӯстдумба гашта буд. Писар пешопеш мерафт ва гаштаву баргашта ба мешу қӯч менигарист, то модар низ бинад. Модар рӯй мепӯшид. Баъзан дуздида менигарист. Чун дили писар ба танг омад пурсид:
«Оча! Ҳамон қӯч ҳам тағо дошта бошад?!»
МО
Мо аз ҳеҷ чиз чиз сохтанро наомӯхтем.
Лек аз ҳеҷ кас кас сохтанро ёд гирифтем.
19.06.07.
ОРЗӮ
Оне, ки зӯри ҷисмонӣ мезанад ва ҷисму ҷонаш ҳама умр арақшор аст, пиндорад, ки кори нависандагиву олимӣ саҳл бувад. Нависандаву олим, ки аз пуркорӣ дар танаш мадор намонда, базӯр ҷисмашро мекашад, орзӯ кунад, ки низ нерӯйи бозу дошта бошад чун варзишгарон.
20.06.07. Амондара
РӮДАКИВОР КӮРАМ НАКУНӢ
Гирди чашмони гӯсола пашшаву пашшачаҳое бастанд, ки мижа кушода наметавонист. Майнае сарборӣ шуд. Аз дӯстӣ буд ё аз душманӣ, ки болзанон меомаду тори сараш ҳамчун Наср менишаст ва бо мили тафсон пашша мечид. Гӯсолайи бечора, ки зери осмони тамузу ҷонсӯз «Шикоят аз ҷавонӣ»
мекард аз зарби нӯлзанийи шоҳ беқарорӣ дошт. Сар такон медод, гӯш меафшонд; думак мезад, то болдор дур биравад, аммо шоҳи тозаҷулус тарки маснад намекард. Гӯсолайи пуртоқат ба тохтан даромад. Майна намепарид. Гӯсола ба танг омад ва бонг зад: «Ай нӯлтез! Пашша бигирӣ, майлат!
Лек боинсоф бош, то Рӯдакивор кӯрам накунӣ!»
АҶАЛРАСИДА
Дар он замон садойи тир барояд, ҳама як қад мепариданд.
Зеро аз ҳама чизи гӯшхарош ва ҷонситон тиру садойи он буд.
Агар баъзаҳо нашунида монанд, бахтакҳойи шӯрангез зуд огоҳ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё