МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз Говхона садойи тир баромад. Аз Говхонайи воҳимадори ду тарафаш шах, ки кас рӯзона ин тангнойи подахуспро убур кунад воҳима мегирифт ва шабона касе аз он воҳимагоҳ намегузашт. Ду бор пайи ҳам садойи тир баромад. Ҳоҷат ба хабаркашӣ набуд. Ҳама шуниданд. Омаданд ҳам. Мутасаддиён ва посбонҳо. Ҳанӯз дар дасти подабон буд камон.
– Киро паррондӣ?
– Душманро!
– Душманро?
– Бале душманро!
– Ду кас буданд?
– Не, як... Як тир андохтам, нарасид...
Душманро надида камонаш гирифтанд. Дастонаш пушт бастанд. «Албатта шумо мо баринҳоро душман медонед?»
– Не. Душмани одамизод – якто! Дар хоб ҳам дар бедорӣ ҳам. Ана бинед. Ба шах часпида гурехтанӣ шуд. Дидам, ки аҷалрасида ҷониби шумо рост шуд; тарафи дача. Айшатонро мунағғас накунад, гуфта, андохтам.
Онҳо бехи шах Айнакдори дароз хобидаро диданд; аз ду қулоч ҳам дарозтар буд. Ба якдигар нигоҳ карда сар ҷунбониданд; айнакдорҳо айнак дуруст гузошта аз сар нигоҳ карданд...
Дасти сайёд кушоданд. Камонашро надоданд.
21.06.07.
ТОРИ ДИЛ
Ҳар гоҳ мӯя-мӯя канда мешуд дар гирду атрофи дил ва
чанд рӯз озурдаву дардманд гашта, сонӣ ҳамвор шуда мерафт,
гӯё буду набуд. Ин бор тори дил канда шуд; ба фарёди талху
тунди набера, ки тори марза истода аз тарс пахтайи кӯҳна барин сафед гашта буд, парида аз ҷой хестам ва кучуки аз наздаш гузаштаро дида, чашмам сиёҳӣ зад. Набераро монда
худро эҳтиёт карданӣ шудам, то аз марза таг назанам. Девори
чашмам дидаро дошта нишастам. Ба худ омадам, ки набера
карахт. Ӯ аз саг тарсиду ман аз ӯ. Ба набера кӯмаке карда наметавонистам ҷуз ишорайи сар, ки «хона даро» мегуфт. Ӯ чизе намефаҳмид; яқин карахттар аз ман буд... Дилам беҳузур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё