МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Неее... Хаёл карда мерафтам.
– Чӣ хаёл мекардед амак?
– Гург аҳмақ набудааст?
– Чӣ хел?
– Маззайи гӯшти хомро медонистааст.
Бобо аз чунин сухан ҳайрон монду рӯзномайи хунолудро пеши назар овард. Саққо дар пеш дастонашро ҳаракат дода коре мекард ноаён. Бобо тоқат карда натавонист:
– Полон медӯзед, амак?
Саққо посух нагуфта, хеле вақт дастонаш дар пеш ҳаракат доштанд. Сонӣ ӯ дасти чап аз сари китф пас гузаронида, зери остин чизеро дароз мекард: «Ма!»
– Ин гӯшти хом-ку?
– Ҳа, ман гӯшти хом мехӯрам. Гуфтам-ку: гург аҳмақ нест.
Ва чӣ хел ҳаракате кард, ки устухони дасти аз шонааш ҷудо накарда, ки нимхой шуда буд, аз сари китфи росташ боло шуд.
– Маед, амак. Ман гӯшти хом хӯрда наметонам. – қасдан ҳамин маҳал гӯштро баргардонд Бобо.
– Ман метонам.
– Гургхӯрда барин.
– Неее... Гургхӯрда не; ҳароммурда ҳам не. Моли ҳалоли худам.
– Пухта хӯред, чӣ мешад?
– Шумо одами бекор. Ман одами серкор. Насиҳат ҳамин, ки ҳар чизро пурсида нашинед...
27.07.07. Амондара
КАРТОШКАДУЗД
Номвар омадани ҳамсоякишт Саққоро дида даруни ҷӯя нишаст ва бехи ниҳолҳойи картошкаро кофтан гирифт. Сонӣ нохункан карда ба шуморидан даромад: «ду... се... ҳашт...»
– Ҳа ҷӯра, чӣ мешуморӣ?
– Картошка. Як бех ҳашт-даҳ картошкайи калон дорад. То тирмоҳ, иншоолоҳ, ҳамин хел андозад, замину замонро картошка мегирад.
Саққо «ҳааа» гуфту ба киштзори хеш рафт. Миён дуто карда миёни ҷӯяҳо хам хӯрд ва дуру дароз қомат рост накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё