МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Мекофт бехи ниҳолҳоро ва китфон дарҳам мекашид. Чанд донайи нахӯд пайдо шуд. Аз шарм, то Номвар набинад, хокпӯш кард.
– Ҳа акайи Саққо! Ҳосил чӣ хел?
– Аз они худат барин.
– Нағз.
– Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд, ҳамсоя...
Ва тирамоҳ шуд. Гоҳи ҳосилғундорӣ ҳуш аз сари Номвар парид; бехи як ниҳолро меканд, калонаш донак барин; дигараш низ; ҳамааш...
– Акойи Саққо, картошкаҳойи маро касе дуздидааст.
– Чӣ хел?
– Калон-калонашро...
– Аз они маро ҳам... Калонаш нахӯд барин.
– Дар вақташ ҳам азони шумо калонаш олуча барин буд...
– Ту аз куҷо медонӣ? Картошкаҳойи маро ту дуздидайӣ!
– Ин хел ки бошад, аз они маро кӣ дуздидааст?
– Касе, ки медонист, картошкаҳойи калон-калонатро...
28.07.07. Амондара
ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
Саққо як тубра суперфосфат оварда ба пали шолӣ пошида,
халта сари китф баргашта мерафт, ки Номвар рӯ ба рӯ омад.
– Монда набошед, акойи Саққо!
– Бале!
– Корҳо ба хайр?
– Ҳааа... Як халта дору оварда, ба шолӣ задам.
– О вай пали дору задаатон пали шолийи ман-ку?!
– Не волло, аз они худам. Як клёнкайи сурх дар сари воташ
буд.
– Бод ҳамон клёнкаро ба сари воти пали шолийи ман овардааст.
– Чӣ фарқ дорад? Пали ту – пали ман; пали ман – пали ту!
Чун Саққо доруро аз андоза зиёд задааст, шолиро сӯзонд.
Саққо тирмоҳ ин корро дида гуфт:
– Чӣ фарқ дорад? Ҳар кас киштайи хеш даравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё