Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ШУМО ДАР КУҶО
Телевизор рекламайи туркӣ намойиш медод: духтари сурхинапӯши зебое аз даруни обу оташ парвоз карда, аз соҳил ба соҳил ба дидори ошиқ меравад рӯ-рӯйи дастҳо. Марди тамошобин лаззат бурда, завқ карда, ба хаёли ҷавонӣ рафта буд, ки телефони дастиаш занг зад:
– Ало, шумо дар куҷо?
– Дар Туркия!
– Хайрият, дар дуриҳо будаед.
– Шумо дар куҷо?
– Ман дар хонайи ҳамсоя.
– Нағз! Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар...
03.08.07. Амондара.

КӮЧАРӮБ
Ду зан аз миёни занҳойи бисёри кӯчарӯб монанд ба паррандайи эзорсурхак, ҷудо аз дигарон, аз субҳ то шом зери чангу бод хиёбони марказиро мерӯбанд. Камзӯрчайи зарди беостин пӯшидаанд. Ҷорӯбкашиашон айнан зарби ба танайи дарахт нӯл кӯфтани ҳамон паррандайи дарознӯлро мемонад.
Инҳо кормандони (замонҳо хонанишини) кумитайи иҷроия мебошанд, ки солҳойи камбизоъативу гаронзистӣ ҳукумати ноҳия сарпараст гашта, андаке орд, равған, биринҷу чойи кӯмаки башардӯстона омадаро барояшон арзонӣ медоштааст.
Аз саҳар то бегоҳ кор мекарданд ва дар ҳар гурӯҳ нарғӯле ё зани шаттоҳе сардор буд. Гоҳи дамгирӣ бар ҷорӯби думдарозашон савор шуда, аз ин замону аз он замон сӯҳбат мекарданд:
– Бева, ҳамин кора шӯт фармояд, намекунӣ.
– Чунки шӯйи ту ҳам, шӯйи ман ҳам пул надорад... Райис пул дорад.
– Ту пулаша дидӣ?
– Ҳооо...
– Ман надидам... як коса орд, як чика равған, шакар, чой...
– Медонам, ки ҳавлийи худата хазон гирифтай, намерӯбӣ, бехи дарахт нарм намекунӣ. Хори замин намеканӣ... дидам чӣ хел ба дарахт часпида баромадаст хор. Лекин...

пешина
аз 344
навбатӣ