МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Амак, нагуфтам, ки говбизнесҳо ин говро гардонда меоранд. Ана ҳамин.
– О ин хароби мурданиву?!
«Ҳуммм!»
Ало гардан тофта яктаҳи марди кӯҳистониро бӯйид ва дасти аз остин кашолашро лесид.
«Ҷонвар чӣ мегӯйӣ?» аз дили харидор гузашт. Рӯ ба фурӯшгор овард: «Андак фуроед».
«Худаш қимат омадагӣ... Боз ба мошин пул дода, бор карда овардам...»
«Атолайи додаатро ҳам гӯй...» Киноя буд ё маслиҳат луқма парронд даллоле.
«Амак, одам ҳам ба пойи ӯ гардад, мошин сувор шудан мехоҳад».
«Бед, даҳ зиёд».
«Равед, барака ёбед!»
Аз чашми Ало қатрае ашки шодӣ шорид.
01.08.07. Амондара.
ҲЕҶ ЧӢ
– Акойи Полвон, аз бачагиам шуморо мешиносам, ки дойим сукут варзида, ба хаёл меравед. Ин қадар чӣ фикр мекунед?
– ...
– А, ин қадар чӣ фикр мекунед?
– ...
– А, акойи Полвон? Агар ҳамаашро ҷамъ кунем, ба назарам, олам намебарад. Ин қадар чӣ фикр мекунед?
– Ҳич-чӣ!
02.08.07
ПЕШ АЗ ҶАНОЗА
– Домулло, пеш аз ҷаноза ғанав кардаам, таҳорат шикаст ё на?
– Муфтӣ донад.
– Муфтӣ – домулло, пеш аз ҷаноза ғанав кардаам, таҳорат шикаст ё на?
– Шуморо паҳлӯйи тобут бояд ҷой дод. Зеро мурдаву хобида – якест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё