Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хушбахтона, ин чӣ қаторест, ки аксари курсиҳо холианд.
«Шумо дар ҷойи худ?»
«Агар чашмам фиреб надода бошад...»
«Дуруст. Қатори ёздаҳум, ҷойи якум. Лекин шумо бояд ба ҷойи бисту чаҳорум гузаред».
«Ташаккур... Ман дар умрам ба ҷойи каси дигар нанишастаам...»
«Охир ин ҷо канор; пушти сутун; қариб, ки чизеро намебинед...»
«Чунин ҷойро, ки маро раво дониста бошанд, бароям беҳтарин ҷой аст...»
«Гап дар ин не. Қаторро пур кардан лозим. Қатор холӣ бошад, вазирро сахт мерасад. Хезед-хезед! Деромадаҳо дар ин курсийи лаб мешинанд».
«Ташаккур, ҳар кас ояд, ман рост хеста, роҳ медиҳам...»
«Якравӣ накунед... Медонед, бисту чаҳорум ҷойи кӣ?»
«Ҷойи ягон...»
«Ҷойи Ҳамдам. Вай имрӯз омада наметавонад. Агар ҷойи ӯ холӣ бошад, зуд ба чашм мерасад. Ману шумо бошемнабошем, як кас парво надорад».
Ман баройи он ки ҷойи Ҳамдамро нагирам, оҳиста хеста ба роҳи омадаам баргаштам.

ГИЛАГУЗОРӢ
Маҷлиси ҷумҳуриявийи зиёиёнро оғоз карданд. Маҷлиси гилагузорӣ низ кушода шуд:
Ҳодиса: – Боз дар як қатор менишастаему...
Гул: – Мо ҳеҷ вақт дар як қатор набудем, намешавем.
Ҳодиса: – Рост мегӯед. Шумо он вақт дар қатори пеш будед, мо дар қатори пас.
Гул: – Ҳозир ҳам ҳамин хел. Шумо аз паси сари ман гап мезанед.
Ҳодиса: – Чунки ман ҳамон вақт ҳам рӯйи шуморо дидан намехостам.
Гул: – Дилсиёҳ будаед. Дунё дигар шуду шумо ҳоло ҳам коҳи кӯҳнаро бод медиҳед.

пешина
аз 344
навбатӣ