Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳодиса: – Рост мегӯед: он вақт шумо дилсиёҳ будед; ҳоло ман шояд дилсиёҳ намоям. Он вақт шумо сиёҳийи дили худро ба рӯйи баддидаҳоятон мемолидед. Инак ман ин рангро ба рӯйи шумо мемолам.
Гул: – Чӣ, дилбари ҳоким шудӣ?
Ҳодиса: – Шумо будед дилбари Котиб; ҳама масъалаҳойи идеологиро ҳал мекардед. Зери номи бегонаҳо қалами сурх мекашидед... Анидоро шумо накуштед?
Гул: – Беақл ҳам будайӣ. Ман худоям, ки...
Ҳодиса: – Кай боз худошинос шудаед? «Худо нест!» мегуфтед-ку? Ба ҷойи Худо худатон як касро ба осмонҳо мебардоштед, каси дигари бечораву бепуштупаноҳро, бетағоро ба замин мезадед...
Гул: – Магар дар ин масъала ягон тағйироте шудааст. Кулли явмин батар. Ё дар ин замон ба сари шумо шох шинонданд? Ҳамон Аҳмади порина. Ҳамон вақт ҳам дар қатори пас будед, ҳоло ҳам дар ҳамон қатор...
Садойи маърӯзачӣ: – ... ва зиёиёни мо хеле ва хеле пеш рафтанд; ҳар масъалаву мушкилотро бо замони гузашта муқойиса карда, хулосаҳо мебароранд...
9.09.07.

НОМИ МАН ЧӢ БУД?
Дуҳулӣ то ҷое расида буд, ки косайи шароб ба сар мекашид, сонӣ аз дигарон мепурсид: «Номи ман чӣ буд?» Нохушие меовард миёни даста. Чун худашон ӯро ба чунин рӯз расонида буданд: «гир, бало намезанад!», илоҷи беҳбудийи корро намедонистанд. Ҳар чӣ мегуфтанд баногӯшӣ. Аммо ба рӯяш даҳон кушода наметавонистанд. Зеро Дуҳулӣ муштзӯр буд ва дар солҳойи «Ташаннуҷ» ҳифзу ҳимоя мекард дастаро.
Рафтори ӯ ба дили даста зада, баъзе касон маслиҳат медоданд, ки гоҳи сафар дар ягон варта афкананд. Лек сардаста Шоҳ ба зима гирифт: «Дуҳулийи хушзарбро худамон ба чунин ҳол расонидем, бояд қартайи овозро чапа гардонем...»
– Дуҳулийи азиз, ё майхорагиро бас мекунӣ ва ё аз даста меравӣ!

пешина
аз 344
навбатӣ