Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ман бе шумо ҳаёти худро тасаввур карда наметавонам...
Ба саломатийи сари шумо сад-то бояд зад!
– Дидед? Ин одам одам намешавад. – Фармуд дойирадаст.
– Ун нокас дойира зада наметонад... – ширакайф посух гардонд Дуҳулӣ.
– Бас кунед! – мушт бар миз зад Шоҳ!
Дастони Дуҳулиро бастанд. Дуҳул навохта натавонист.
Лек аз рӯйи одат даҳон сӯйи пиёла мебурд. Чун бо ин роҳ ҳам нашуд, маъракаҳойи бебода оростанд. Аз базму сур ҳушёр бармегаштанд. Дуҳулӣ се рӯз шароб нахӯрд. Аз базми арӯсийи кӯҳпора бармегаштанд. Дуҳулӣ дар паҳлӯйи ронанда менишаст. Аз хушгӯйиҳойи ҳамкасбон завқ намебурд. Чунон менамуд, ки ғами олам ба сараш бор гашта; гардан миёни шонаҳо кашида, дар курсӣ фурӯ рафта буд. Якбора парид; дасту пояш парид; лабаш каҷ шуд; ангуштонаш чангак гаштанд; чашмонаш пушт рафт ва бедаму дуд монд... Ҳазор сила заданд ба рӯяш. Ҳама обҳойи маъданӣ рехтанд ба сараш. Дами дарун задааш набаромад.
Ҳазлу шӯхӣ, валвала ва гуфторашон аз хусуси Дуҳулӣ қатъ гашт; дами онҳо низ ба дарун зад. Мошин бол баровард. Садояш ҳама гуфтору хандаро пахш кард. Оқибат дами дарвозайи дармонгоҳи Қарияйи Боло бозистод. Ба наҷотхона дароварданд. Пизишки навбатдор пахта ба спирт тар карда зери биниашро пок кард. Дуҳулӣ атса зада ба худ омад. Пизишк гуфт:
«Агар сад-то медодед, ба чунин ҳол гирифтор намешуд».
13.09.07.

КОРИ ШАЙТОН
Агар ба танат дард омад, аз Худо мадон! Ин кори шайтон аст. Зеро 9999 дардро шайтон офарид, на Худо. Аз ин рӯ назди табиб ҳам нарав, ки оқибат ҳамин дард барадат аз Олам.

ЭҲТИЁТ БИКУНЕД
Бемор табиби навбатиро шикоят пеш овард: «Раги поям мекашад. Ҷойи нарафта ва табиби надида намонд... Сиҳҳат намешавад».

пешина
аз 344
навбатӣ