МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Пӯшед, амак...
Ва чашми Шайдо ба буттайи индов афтод, ки даруни буттайи шутурхори ғулла кӯсакҳойи синонӣ баста буд ва баъзе кӯсакҳо чун кӯсаки нахӯду лӯбиё, наску боқила шукуфта донаҳояш рехта буданд. Дос бардошта бар буттайи шутурхору индов андохта кашид ва боэҳтиёт буттайи индов ҷудо кард, то донаҳояш нарезанд. Ҳарисона кафмол кард дар бари ҷома; бод дода аз пату палос раҳонид ва як бор ба Орзу нигарист: «Мехурӣ?»
– Не.
Боз ҳамон аҳвол такрор шуд, ки гоҳи зағир хӯрдан рух дода буд. Аммо талхи талх будааст индов. Забон бароварда «лулу-лу» кард. Орзу шодмонӣ дошт, ки амакаш хушҳол гашт.
Муддате баъд меъдаашро кофт хамирайи фурӯбурдайи индов.
Бод дамида ӯро ба танг овард. Ғарора карданӣ шуд, чизе бурун намеомад. Сонӣ як боди таранг то гулӯ омада маҳкам шуд; аз зӯр зада баровардан чашмон аз косахонааш бурун омад. Ва якбора чизе таркида бурун аз даҳон омад: «Сабил мон!»
Писарак, ки то зӯррас дудаста сари амакро дошта пахш мекард, нафаҳмид, ки амак чиро гуфт:
– Чиро дуъо кардед, амак?
– Нафсро бачам...
– Мурад ин нафс, қариб кушта буд. –Яқин донаҳойи индовро «нафс» дониста буд писарак. – Амак, ҳамин хору хас даркор не. Харро савор шавед, ман ҳай карда то хона мебарам.
Шайдо дуру дароз хомӯш истод ба қатраҳойи ҳанӯз аз лабаш чак-чакон нигариста. Сонӣ туф-туф карда базӯр вазнашро бардошта сари по шуд ва ресмони пашмиро мисоли ду раҳи қатора ба замин густард ва бандҳо бардошта рӯйи он ниҳода ду линг баст, то чун ҳарвақта бардошта пушти полони хар бор кунад. Линги тарафи худро бардошта рӯйи зонуйи чап гузошт ва линги дигарро ба ҳаво бардошта пушти полон андохтанӣ буд, ки зӯри дасту бозӯяш нарасид. Баробари бо зӯри зону тела додан хар ҷунбид ва бор афтид ба замин.
Шайдо болойи бор ба сар рафт. Дергоҳ наҷунбид. Яқин кард, ки ин вопасин зӯр буд ва дигар наметавонад бардошта бор кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё