Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз дасти дародарзодааш ҳам коре намеояд. Ҷунбида, даст аз банди ресмон гирифт, ба думғоза зад ба замин.
Хомӯшиаш мурдавор буд; дарду алами хорҳойи халидаро намедонист. Чӣ миқдор «чуну чаро?» ва пиндорҳойи бе ҷавоб дошт чунин ҳолату хомӯшӣ касе намедонист.
«Чаро нафаси ин зилла намегардад?»
Ӯ рӯболо хобидааст. Тахтапушт ба бандҳо дорад. Лаб мелесад. Лек забони хушкаш лаб нам карда наметавонад. Пеши назараш андар ҳаво ҳазор-ҳазор ҳубобчаҳойи ранга мегардад ба ҳар шакл. Фазо аз ҳамин чизҳойи беҷони муҳаррик таркиб ёфтааст. Олам ҳам. Дигар чиз надорад ин дунё. Сӯз менамояд ҳама чизро пеши назар ва беохир... чизе ба даст намеояд.
– Орзу!
– Лаббай, амак!
– Об нест-а?
– Нест... Рафта аз Зарафшон биёрам?
– Эҳ-э-э-э... То Зарафшон рафта меойӣ, ки ҳастам, нестам?
Хомӯшӣ.
– Орзу!
– Лаббай, амак!
– Замин аз таги пойи ту ҳам мегурезад?
– Не, амак.
– Аз зери ман мегурезад... Чӣ хеле, ки оби Зарафшон тез меравад, замин ҳам ҳамон хел.
– Шояд дами гармсер бошад, амак? Нигоҳ кунед, дар саросари дашт мавҷ зада, забона зада, моросо меравад.
– Не-не... Наход ман ҳамин чизҳоро фарқ накунам? Чунон тез, киии... Як бор дар кӯдакиам руйи пули миёни Панҷекату Ғарибак ин чизро дида будам. Аз паси падарам мерафтам.
Яке пули ларзони чӯбӣ аз зери поям болорӯ гурехт. Якбора дод зада аз домони падар доштам. «Ҳа! Чашмата об бурд?
Гуфтам ба об нигоҳ накун! Домонамро сар надода, чашмонатро пӯшида омадан гир!» Ҳоло намедонам домони киро дорам? Ту кӯдак. Зӯрат намерасад ба нигоҳ доштани ман.
– Зӯрам мерасад, амак... Хору хас лозим нест. Ба хар савор шавед, хона мебарам.

пешина
аз 344
навбатӣ