МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Саросема нашав, омада мебаранд.
– Амак!
Хомӯшӣ.
– Чӣ мегӯйӣ?
– Овозатон паст шуд... Шояд дар ҷанг ин қадар азоб накашида бошед?
– Аз ин зиёдтараш ҳам буд... Лек... лекин намурда будам...
Замин аз тохтану гурехтан бозмонд. Шайдо низ ороми ором шуд.
Танҳо писарак ё аз тарс, ё аз танҳойӣ мегирист ва ё ба қадри амак...
19.09.07. Кохи «Дил».
ҶАНГИ ОБУ...
Як особгард об дорад деҳа. Дар чиллайи зимистону чиллайи тобистон чархи особро гардон карда наметавонад. Дар зимистон сари нов ях мебандад; дар тобистон замин мекашад обро. Дар болотар фаровон мебинанд; ба деҳа, ки наздик шуд, кам метобад оби сой. Кӣ медуздад обро касе намедонад. Гӯё Худованд медиҳаду аз нимароҳ боз мегирад. Гӯё аз ношукрӣ ва номуросоийи мардум ба миён меояд чунин ҳол. Аз азал ҷангҷолу пархоши об ҳаст дар ин деҳа. Бавижа дар душохайи ҷӯйбор, ки ними об ба гузари Ҳисор мераваду ними дигар ба боғи Гарон. Пештар миёни мардон ҷанҷолҳо мешуд ва то каландзанӣ расида, якеро сар мекафид, дигареро китф ё миёну пой мешикаст. Ҳоло ки қариб ҳама мардон дар ғарибкорианд, пархошу хархашаро ба занон мерос гузоштаанд. Мироб онҳоянд. Каланд сари китф қади обро меоянду мераванд ва сари ҳар даҳана кас мемонанд, то дигаре обро ба боғаш нагардонад. Лек чун чашм хато кард, мегардонад; дар дили шаб фиғони занон мебарояд, ки дуъову сано мекунанд; сагони деҳ бохабар шуда «гургомад» меҷаканд.
Ду зан андар душохайи паси девори Ҳақназар, гӯйӣ душмани якдигар. Як шоха аз обмӯрӣ даруни боғро убур кунад; дигар шоха бо қубури оҳанӣ ба ҷӯйи Боғи Гарон равад.
Марҷон андар даҳони обмӯрӣ пойи эзор аз зону боло бардошта, курта нифа зада; пойҳойи сафедаш даруни об мешиканад, боз рост мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё