МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дурдона даст дар миён сари қубур рост аст. Об ба ҷӯйи Боғи Гарон бастанист:
Марҷон: – хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ, чунон қатрон кунам, ки ғиҷоба ҳам наравад! – санги сиёҳ аз дамма бардошта, пеши пойи зани сари қубур истода мепартояд ва об пош хӯрда либоси ҳардуро тар мекунад.
Дурдона: – Ин хел накун, занак. Пома маъиб накунӣ, ки дар балойи Полвон монӣ...
Марҷон: – Ёр аз Самара фаҳмад, омада, Полвоната хомохом хӯрда меравад.
Дурдона: – Шумо зӯр. Лекин аз рӯйи инсоф, обро баробар тақсим бикун! – Сангро бардошта дами даҳана мепартояд ва Марҷон фиғон мебардорад:
Марҷон: – Воҳ! Пома задӣ! Ман туя ҳамту намемонам!
Хуната дам мекашам! – сангро ба пойи Дурдона меандозад.
Дурдона: – Ман ба пойи ту санг назадаам. Лекин ту дониста қасдан ба поям задӣ. Акнун бин! – сангро ба сар бардошта ба об мезанад. Либос ва сару рӯйи Марҷон шилта мегардад. – Инсоф бикун! Ин ғиҷоба то боғ намерасад. Хок мехӯрад.
Марҷон: – Худата хок мехӯрд, хубтар буд аз ин кори кардаат!
Дурдона: – Гуфтам, гӯш накардӣ. Худат сар кардӣ моҷароро!
Марҷон: – Неее... Ман ҳамту намемонам! Ана ин санг! Ана ин санг! Ана ин санг! – Сари ҷаҳл сангҳоро аз банд гирифта даруни қубур мепартояд. – Ана акнун...
Сухани Марҷон дар даҳонаш Дурдона ба тори сари ӯ панҷа зада: рӯймолу мӯй мегирад ва хешро ба даруни оби ҷӯй андохта сари ӯ даруни об пахш мекунад. Чизе дар пояш бармехурад сард. «Э, мор!» дод мезанад. Сари Марҷон раҳо мекунад.
Марҷон: (нафасгардон) – Даруни эзорат даромад?
Дурдона: (Ишора бо ангушт карда) – Ана даруни эзори ту даромад! Баромад! Об то ҳавлиат мебарад ва имшаб ба ҷогаҳат медарояд.
Марҷон ҳанӯз ба худ наомадааст. Ғазаб дорад. Дастак зада:
Марҷон: – Хаёли худат мекунӣ-а? Ҳар шаб мурдаҳойи гӯристон ба ҷогаҳат медароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё