МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хирманкӯбҳо меоянд... Хаёли худат мекунӣ-а?
Дурдона: – Хайр, ман гуфтаму ту шунидӣ. Пагоҳ ҳама ҳамин гапа нагӯянд, ба рӯям туф бикун!
Марҷон: – Туф! Ана-ана: Туф! Ҳозир туф мекунам! Чаро пагоҳ? Туф! Туф! Туф!
Дурдона: – Боз сарата зери об кунам?
Марҷон: – Туф!
Дурдона: – Ғипчон, ки дар даҳанат ме...
Садойи каланд баромад. Аз боғи Ҳақназар поёнтар касе даҳана мегардонд. Марҷон он сӯ тохт. Дурдона ҳама сангҳойи даруни қубурро гирифта ба обмӯрӣ девор мекард. Марҷон гоҳ поён медавиду гоҳ боло. Садойи бо қубур ҷорӣ шудани об маълум буд.
20.09.07.
УСТО – МОНТЁР
Монтёр лақаби ӯ. Номаш дигар. Номашро гӯям, ҳама мешиносанд. Ва зуд гардани каҷ ва ҷиддиро шӯхӣ гардониданаш дар ҳолатҳойи танг пеши назар меояд. Чунки дар ҳама мавриду маъракаҳо ӯ симу рӯда кашида, лаб-лаби бому сарсари дарахтонро чароғистон мекунад ва як шиша – ним шиша зада, баробари раққоса ба майдон меояд ва давраро метафсонад. Дасту бозӯ, китфу сарсина меҷунбонад ва чашму абрӯ парронда ба бозӣ медарояд. Акси ҳол гарданаш каҷ мешавад; худро мусичайи бегуноҳ вонамуд мекунад.
Соҳиби бозор ӯро чунин дарёфт; гарданаш каҷ, ба чашми кас менигарад. Вале чизе нафаҳмид.
– Тӯю сур нест, хафа?
– Не...
– Чаро гардан каҷ медорӣ?
– Кори аниқ нест... Пул нест.
– Почангу афзори симчӯббаройиатро гирифта ба бозор биё, кор ҳаст. Моҳчароғ сӯхтааст. Фардо рӯзи бозор.
Молдорҳо торик гуфта, ғав мекунанд.
Чунон шуд: Усто – монтёри худомӯз ин бор бенайранг омад. Чунки фардо ҷумъабозор; гардани каҷаш рост мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё