МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамсоя чунон ки сӯйи каси бадкор бо ангушт таҳдид карда ларзонад, тарафи ҷонвар ангушт меафшонд. Оромӣ, ҳеҷҳодиса нест. Одамон ба роҳи худ раванд.
Вале ин бор ҳамсоя аз девор париду пасу пешро аз назар гузаронд ва аз ҷайб коғазпечро бароварда, пеши саг андохт.
Ман ҳам худро аз зинаи бино паст партофта, тохта омадам.
Дуздгир ҳоло коғазро кушода натавониста, онро бӯ мекарду дандон мезад. Худро партофтам. Вале ман ба коғаз нарасида Дуздгири баднафс коғазу ҳар чӣ андарунаш буд, фурӯ бурд...
Дар ҷои сагҳо ӯро бараҳнаву чорпо дидам. Нӯхтаи саг дар сараш. Чорғов буд. Қади сими барқад медавид, худро ба оби мурдоби ҷӯйбор мезад. Хун мезид. Пойҳои пас кашол шуданд. Дарвозаро кушода ба сагкоса хӯрок андохтам, ки ӯро мурдаи шахшуда дидам. «Магар заҳр хӯрда, ки, сагона мурда?».
18.04.10
ШОҲИДОНИ ДУЗД
Онҳо ду сар монданд: Алову Бӯр. Чанд хоҳару бародарро ҳар кас бурд, ин дуро касе нагирифт; чунки ин сол аз қабили он солҳо набуд. Он солро соли Муш хонда буданд шартан; зеро ҳама ҷоро муш зер карда буд. Аз сарварашон Росу сар карда то каломушу муши сиёҳу кӯрмуш ғоратгар шуда буданд; ҳатто гурба мехӯрданд. Ин сол низ мисли он солҳо мебуд, ҳоҷати ба Алову Бӯр дилбазанӣ кардан ё аз онҳо безор гаштан набуд; ё одамон аз бими муш талабу тавалло карда мегирифтанд ё мушҳо мехӯрданд... Ҳолиё гурбачаҳо аз бетартибу шӯху бебок буданашон дилбазан гаштаанд. Он сон нозгунҷ, ки мушу кафтару сору майнаву мусича ё гунҷишку гӯшти дуздӣ кашондаи оча як сӯ, ёфтаву тофта ба онҳо сарф карданаш дигар сӯ, худ ба хоб андохта шири оча макиданашон сад сӯ; сахт бетартибу беадаб шудаанд. Ягон гиёҳи рост намонд; гулу гулбутта намонд? Ҳамвор карданд ба замин.
Ҳоло қасди дарахту токро доранд, ки афкананд. Часпидаву ханҷолкаш бароянд. Аз баландӣ сар тофта ба паст нигаранд; аз тарсу ҳарос гоҳ сарнишебу гоҳ пас-пас ханҷолкаш фуроянд; он қадр ба ҳам часпидаву панҷаву дандон зада, ҳамдигарро ғелондаву талоши нобуд сохтан кунанд, ки баччаи одам бошад, ҷон ба саломат набарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо