МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Лек ягон ҷои онҳо ҳарошида нагардад; ҳатто тори мӯй нарезад. Бо вуҷуди он ба дили соҳибхонаҳо заданд. Аммо набераҳоро воситаи бозиву шодмонӣ. Ҷонварон хислати кӯдаконаи онҳоро дарёфта, дур нараванд. Вале ҳайфи гулу гиёҳ. Як соли дигар лозим, ки аз сар сабзанд. Ҳатто бозёфти мардакро нобуд сохтанд: аз рӯйи фаҳму фаросот ӯ нардҳои дарози садбаргро бурида, барқад зери хок хобонд ва онҳо баҳорон неш кашида баромаданд ва ғунчабасар ҳам буданд. Соҳиб шодмон гашт, ки реша гиранд, баҳори дигар ба Боғи Боло бурда шинонад. Шӯхакони бебоку бепарво ранҷу меҳнати ӯро барбод доданд. Ӯ дигар сабр накарда, Алои монанд ба оча ва Бӯрро ба мошин савор кард, то бообрӯ ба ҷое бурда, иҷорашин гардонад. Он вақт онҳо аз модар ҷудо гашта, ҳайрон ҳам буданд, ки ин ҳама эҳтиром барои чист? Ронанда мошинро боздошт, садо ҳам дардод. Муддате гузашта зане омада ба мошин нишаст.
Чиҳое гуфтанд. Гурбачаҳо шуниданду баъзе чизҳоро сарфаҳм рафтанд, аммо чизе гуфта натавонистанд. Канори руд бозистод мошин ва дарҳоро боз карданд, то ҷонваракҳо бароянд. Аммо онҳо ҷойи бегона дониста набаромаданд, балки зери курсиҳо пинҳон шуданд. Ронанда даст ёзида онҳоро гирифт ва зери маҷнунбед бурда, пӯсти мурғу устухонҳои нимхӯрдаро нишон дод: онҳо бӯй ҳам накарданд. Бӯр дум ба занак молида гузашт, Ало тақлид кард.
Гоҳи рафтан онҳо аз пас кашол шуданд. Аммо ронанда дарҳоро баста, мошинро ронд. Гурбачаҳо чанде аз пас тохтанду мошинро гум карданд...
Онҳо он чӣ аз модар омӯхта буданд, ба кор бурда рӯз гузарониданд. Вале ҷою манзили навзодиашон дигаргуна буд; маззаи шири модар низ дигар.
Мошин омад; мошини шинос. Гурбачаҳо худро пинҳон карданд андар паси харсанг. Мошин канори хингбед қарор дошт. Занак аз мошин баромад. Ба оби руд нигарист. «Хунук!» гӯён даруни мошин шуд. Марди онҳоро оварда низ даромад ва дер ҷунбуҷӯл карданд. Ин замон гурбачаҳо худро зери мошин гирифта, паси чархҳо пинҳон шуданд. Мошин дер ҷунбид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо