Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Боз саг гирифтан лозим шуд. «Боз саг гирифтед, ҳамсоя?» Баргашта ҳамсояро дидам, ки аз девор гузашта буд. Ин бор напурсидам, ки чаро дарвозаро монда... балки хоҳиши Салоҳиддин ёдам омад; даҳон пур кардам, то чизе гӯям, боз забон газидам:
«Пули кию, қарзи кию дахмаса бар сари кӣ?»
«Ҷияни Калон нотоб шудаст...»
«Ҷияни ҷаноб?»
«Неее, наход ҷияни ӯ дар ҳамин ҷо хоб равад? Вай ҳам ҷӯрем. Ӯро дар беморхонаи Москва хабар гирифта будам. Ин ҷияни «Умури хориҷӣ».
«Ҳааа... Бо роҳи калон равед хуб нест?» – калонгариву калонгапии ӯро дониста бардор додам.
«Обраҳа як қадам... Вазир одами хуб. Чанд бор аз мурдан гардонданд... Сагча харидед-а?» инони сухан ба тангкӯчаи дигар гардонидан хост ӯ.
«-Не, худаш омад» гуфтам. Вале шарҳ надодам, ки киллае мурғхор дар зери буттаҳои марминҷон зойида, баччаҳояшро равон карда, ба сагкосаи беруни дарвоза хӯ гирифт ва ман ҳамин баччаи каллакалонашро гирифтам. Барои он ки ҳама андеша аз сар дур шавад, фармудам: «Одамхӯр мешудагӣ барин».
«Шумо сагшинос, ҳама сагҳоятон одамхӯр».
«Ба ҳар ҳол, саги одамхӯр, беҳ аз одами сагхӯр».
Ин ҳарф омад ба забонам. Онро фикр накардаам. Аммо ҳамсояро карахт гардонд. Сар андохт лаҳзае ва чизе нагуфта, равон шуд. Аз байни буттаҳо нигаристам, ки куҷо равад.
Гаштаву баргашта ба пас нигарист ва паси бинои «Амрози саратон» пинҳон шуд. Рафту дидори шумаш дар чашмонам монд. Бад дидам худ аз худ. Боз визиткаи Салоҳиддинро баровардам: «Ҳамсоя омадааст...» Дар хаёлам будааст ин ҳарф...
Кучуки дуздиро «Дуздгир» ном ниҳодам. Дидбонгоҳро низ дигар кардам. Рӯ ба рӯйи ҳавлиамон қафасаи нави бинои «саратон» рост шуда буд. Чун «Дуздгир»-ро беруни дарвоза баровардам, ба он бино рафта, дидбонӣ кардам, ки бало аз куҷо ояд. Чанд бор кормандони беморхона раҳи кор гузаштанд, оромӣ буд. Ҳамсоя низ мегузашту мерафт. Сагча сӯйи ӯ меғуррид ва «ак» мегуфт.

пешина
аз 344
навбатӣ