МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Онҳо бозӣ пиндошта, боло нигаристанду ба ҳам.
Сонӣ ором шуд мошин ва баъди фурсате дарҳо кушода шуда, онҳо канори об шуданд ва дасту рӯй шустанд. Гурбачаҳо фурсат ғанимат дониста, ба мошин даромаданд ва зери сандалӣ ҷой шуданд. Такпӯшаки зери пой афтидаро ханҷолкаш назди худ гирифтанд. Нафас дарун кашида нигарон истоданд.
Баъди аз ҳавои форами рудбор нафас рост кардан марду зан ба мошин даромаданд. Зан чизе ҷуст. Мард «надидаам»
гуфт. Чун зан зиёд пурсид, «об бурдагист» фармуд мард ва афзуд: «Дар мошин кӣ мебинад?»
Гурбачаҳои зираку ҳушёр ба сухан сарфаҳм раванд, аммо фаҳмонида натавонанд; донанд, ки зан чӣ ҷӯяд ва мард чӣ гӯяд. Лозимӣ зери пойи онҳост. Зан тори сари онҳо нишаста.
Ало пойи бараҳнаи занро чангол зада, ба хадукаш расиданист, аммо Бӯр нагузорад. Алоро ҳавас зиёд, ки моҳичаи сафеду таранги пойи занро лесад, лек Бӯр панҷа зада, амали ноҷо боздорад, то асрор ҳувайдо нагардад ё соҳиби бераҳм аз фарёди зан тарсида, моргазида пиндошта, мошинро чаппа накунад, ки ҳама яксара шаванд.
«Тарсам, ки гоҳи аз дар даромадан шӯям куртаамро бардорад» – ба гиря даромад зан.
«Чунин одат ҳам дорад?»
«Мард-дия, ҳиччӣ гуфта намешад».
«Агар доманатро бардорад, гӯй, ки тайёр шудам...»
«Шумо мардҳо ҳамин; маътали харатон аз об гузаштан...
баъд масхараю таъна мекунед».
«Таъна не, ман ҳайрон, ки аспаки туро кӣ дуздид?»
Аз зери курсӣ Ало «мӣ» гуфтанӣ буд, ки Бӯр панҷа ба сараш зад. Зан садоеро пай бурда ба ронанда нигарист. Ӯ фармуд: «Роҳ ноҳамвор». Вале зан қаноъат накарда, дилхиҷил фуромад аз мошин ва аз рӯйи одат як бор ба камар даст бурд, ки банди трусӣ тоб дода, онро ба тартиб орад, аммо банди эзор ба даст наомада, ба чапу рост нигарист, ки шавҳарашро сари кӯча дида бошад. Бо кӯчаи рост нарафт, балки бо тангкӯчаи дигар рафт...
Баъди дари мошинро қуфл кардани ронанда Алою Бӯр аз зери курсӣ баромада, бино ва дарахтони шиносро диданд ва бӯйи ошноро шуниданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо