МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Садои кадбонуро шинохтанд. Сонӣ ба бозиҳое, ки рӯйи ҳавлӣ омӯхта буданд, машғул шуданд:
даруни мошинро тагорӯ карданд; сар-сари курсиву нишастгоҳу таги курсиҳо тохтанду ғелиданд. Садои очашон омад, ки аз фироқи баччаҳо менолид; сахт монанд буд ба гиряи модари баччамурда. Онҳо қарор истоданд баробари шунидани овози оча: садо дардиҳанд ё на? «Миии» гуфт Ало тарсидаву ларзида. Бӯр нигарист ба ӯ, аммо садо набуровард, ки агар ронанда шунавад, бе чуну чаро бозпас барад. Чун кадбону аз рӯйи одат рӯдаи об кашола карда, мошин шуштанӣ шуд, онҳо пушти шишаи пеши мошин ҳозир шуданд ва латтаеро кашокаш карда даррондан хостанд. Занак бо ҳайрат наздик шуда нигарист ба гурбачаҳои шинос ва ба латта. Ҳангаш канда, рӯдаи обдорро кашола карда, назди шӯ овард, ки рӯйи тахтакат роҳат кардан мехост:
– Ношушта, чаро гурбачаҳоро боз овардӣ?
Шӯ бо ду кафи даст пеши оби пошидаро дошта, арбада кард:
– Девона шудаӣ, занак?! Кадом гурбача? Ман онҳоро...
– Ту онҳоро ба хонаи фоҳишаат бурда будӣ, эзорашро дуздида оварданд? Хез дафъ шав! Ҳароми ношушта!
Шӯ низ чиҳое бофтаю тӯҳмат карданӣ буд, ки шалолаи оби тез ба даҳону бинӣ бархӯрда, гуфтан нагузошт. Рӯй гардонда дод зад: «Ту... (нафасгардон) ту... девонаӣ?!». Зан наздик омада, аз гӯшаш сахт дошт ва чун кӯдаки гунаҳгор кашида, як даст ба гӯш, дасти дигар ба рӯдаи об назди мошин бурд.
Гурбачаҳо аз ду ҷониби трусии сафеди холдор дошта мекашиданд ва эътиборе ба омадани соҳибон надоштанд. Шӯ чун ҳолат дид, ба зан нигарист, китфон ба ҳам кашид: «О ин эзори ба худат харидаам-ку?!»
4.06.10.
АГАР БОБОМ НАМЕБУД...
– Ба ту мурд оча! Чихел калонак шудаӣ? Фарбеҳак шудаӣ.
– Бибем-дия! Аз даҳани худашон гирифта, ба даҳани ман меандозанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо