Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Писар ба осмону замин нигарист ва боборо пеши назар овард, ки ҳайату ҳайкали бузург дорад ва сараш осмон сояду пояш замин. Сонӣ даҳонаш воз сӯйи модар нигашт: «Ҳамин хел».
– Чихел?
– Ман метарсам аз ваҷоҳати бобо... Намефаҳмам... ҳатто ба хӯрдану шину хез ҳам кордор: «Даҳонатро пӯшида, бихой; зӯр зада хӯрокро қулт набар; саросема нашав; чумчаву косаро ба ҳам назан; ин қадар наҷумб; ба як по шину ба як по хез; бинӣ накаш; гоҳи атса задан рӯй аз дастархон гардон; китоб хон; дарс тайёр бикун; дарсамро кардам, нагӯй! Дарсро тайёр кардам, бигӯй... кароче, илоҷи чапу рост гаштан нест...
– Яъне, ту дигар Душанбе рафтанӣ не?
– Агар Бобом намебуд...
7.06.10.

САВДОИ УМР
– Ҳамин занак воқеъан модаратон, ё...
– Наход ман ба шумо дурӯғ гӯям. Ба шумо дурӯғ гӯям, ба Худо чӣ гӯям? Ана шиносномаашон: Ҳабибова Саъодат. Ана шиносномаи ман: Ҳабибов Табиб. Дар шаҳодатнома рӯйирост навиштагӣ: Падар – Ҳабибов Ҳалим. Модар – Ҳабибова Саъодат. Лозим намешавад, гуфта, шаҳодатномаро наовардам. Наход бовар надоред?
– Ман бовар дорам, лекин рафторатон ба писар не, ба миёнарав монанд.
– Не-йе, Худо нигаҳ дорад-э! Писари рӯирости...
– Пас чаро хиромонӣ доред?
– Хиромонӣ не, пул кам... Шумо директори гениалӣ-а?
– Гениалӣ не, генералӣ.
– Ҳа генерал, мо намедонистем, ки савдои умр ин қадар қимат аст. Бозёфтамонро овардем. Илоҷ бошад, кам кунед.
– Агар ин ҷо бозор мешуд, савдо мекардем. Ҳар чиз нарх дорад.
– Ҳамтую раҳмат ба ҳукумати Шӯро, ки худаш рафта, бо мошин оварда, табобат карда, мефиристод.
– Рост, ҳама корро мекарду дар охир мегуфт, ки рӯзҳои башумор мондааст.

пешина
аз 344
навбатӣ