МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чунин табобати дил дар он замон набуд.
Рост, ки то мурдан дорую дармон мекард.
Онсӯтар модари ранҷбар андар қатори курсиҳои рӯ ба рӯйи телевизори дар девор насбкарда нишаста, тарафи он нигоҳ ҳам намекард, балки гирифтори дарду ранҷи хеш буд ва сарбасукут хаёл дошт, ки чанд муддат монда аз умр. Аз он ки писар дар паси шишаи шаффоф бо доктор боқии умри ӯ савдо кунад, хабар надорад. Лек одати писари бозорнишинро донад, ки то нархро се ё сад бор наҳ назанад, савдояш напазад. Одати савдогари машриқзамин чунин; зеро дар рисолаи «Бозор»
омада, ки молро наҳ назада ва нархро набуррида, чизро бихарӣ, ҳалол набошад. Писар шояд аз ҳамин назар нархро кӯтоҳу савдоро дароз карданӣ бошад, лек табибони ноогоҳ ба ҳоли ӯ ханданд, ки умри модар савдо кунад. Ҳарчанд ба ӯ фаҳмонанд, ки ҷарроҳии рагҳои танги дилро бояд зуд ба ҷо овард, ӯ аз рӯйи касбу амали хеш бояд нахуст молро ҳалол гардонад.
«Чихел ба шумо фаҳмонам? Дарди модар саҳл нест: як раги дил наваду ду фойиз танг шудааст, раги дигар ҳафтоду чор фойиз. Раги сеюм бисту ҳафт. Раги сеюмро монда истем ҳам мешавад. Лекин ду раги аввал...»
«Ман фаҳмидам, доктор. Ангиография кардан лозим гуфтед; як «стен»-и амрикоӣ ду ҳазор доллар гуфтед. Ду дона гузаронед, чор ҳазор. Раги нимак ҳам... Хайр онро монда истем.
Хидматонаву дастмузди ҷарроҳу дигару дигарҳо ҳам ҳамин қадар. Ҳашт ҳазор, гӯем. Ҳазорашро гузаштед, ҳазор ташаккур... Боз чӣ қадр имкон доред?»
«Ман дигар имкон надорам».
«Кӣ...»
«Намедонам... Тарсам, ки вақтро гузаронида, модарро...»
«Худо нигаҳбон, ҳамиқа вақт нигаҳ дошт... Лекин мо чунин имкон надорем. Дар ҳамин пойтахт ягон саховатманд ҳай, ки...»
«Шояд бошад, лекин ман надонам».
Дасте ба китфи писар расид. Ӯ баргашта модари замингирро дид, ки базӯр нафас рафта ояд. «Хезед, буравем» бо ҳавои нафас ва ишораи остин фаҳмонд модари пир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо