МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Дидед, доктор?» сӯйи доктори ноилоҷ нигарист писар. Писари паканаи қаду бар баробар, ки гардан миёни шонаҳо фурӯ рафта буд аз фарбеҳӣ ва монанд ба кисаҳои шими дамидааш буданд, даст ба кисаи шим андохт. Агар кисадамондаро рӯймолча пиндорӣ, чаро ӯ арақи сару гардан бо каф пок карда ба шим молад? Пул гӯйӣ, худро бепул гирад. Чӣ бошад андар ҷайбҳои ӯ?
«Модари мушти пара гирон буравам?»
Модар низ чандон болобаланд нест. Шояд замоне буда, ҳоло хамидақомати замингир. Ба сар дурра баста, аз болояш қарси сафед андохта, ҳайдав гузоштааст. Ё аз бемадорӣ ё сохта хештан уволак гирад, то раҳми дигарон орад.
«Ихтиёратон. – бепарво посух диҳад мудир.– Ин кори маҷбурӣ нест. Ихтиёрӣ. Қассоб гуфтед, а? Қассоб. Як кило гӯштро бепул медиҳед?»
«Ба шиносҳо насия медиҳем... бепул... чихел? Молро харида мегирем. Ҳисоб мекунем, ки ҳаққи корду обу сачоқро нагирем. Музди корамон ҳам ба қавли ҷаноб, ройгон; нархи пӯсту шоху думу кавшакҳо ҳам ба каллаи худамон. Ҳол он ки говфурӯш ин ҳамаро ҳисоб карда мефурӯшад. Бинед, мо чиқа саховат дорем. Як кел гӯшт дар Душанбе сӣ сомонӣ бошад, (чил сомонӣ ҳам ҳай) мо бисту панҷ сомонӣ мефурӯшем. Мо гуноҳи хуни молро ба калла мегирему ба халқ сабукӣ афтад, мегӯем. Ягон каси дигар ҳай, ки дар ин бора ӯй кунад? Нест.
Шумо аз уруқи худамон барин. Гузашт кардед. Раҳмат. Бар падаратон раҳмат!»
«Одамон дурӯғ мегуфтаанд-дия».
«Чихел дурӯғ? Рост!»
«Мегӯянд, ки қассобҳо ягон чизро напартофта, ғадудро ҷудо накарда, ҳатто устухонҳои зиёдатиро бо табар қима карда, калларо пӯст канда, табарқассобӣ карда, бо дасти чап аз таги гӯшт чунон чашмбандона гузоранд, ки харидор гоҳи гӯштро ба дег андохтан онро бинад...»
«Дурӯғ! Кадом ғариб гуфтааст... О ғариб-э. Дар ягон соҳа кори ҳалол набудаст-дия...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо