Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Она, ман ин ҳама корро аз барои шумо мекунам. Ман дигар кӣ дорам?»
«Ҳамаашро фаҳмидам, болам: сахт азоб доред».
«Азоб не. Масъалаи гӯру чӯбро ҳам фикр мекунам. Буду шудро сарф кунем, фардо барои гӯру кафан ҳам пул даркор».
«Хароҷоти гӯру кафан дар сандуқ, болам...»
Соати корӣ ба охир расид. Докторони хориҷии вақтбайъ дипломат дар даст баромаданд. Ба соат нигаристанд, то зудтар ба фурудгоҳ расанд. Писар даҳон воз монд. Даст дароз кард аз паси онҳо. Пасон осема гашт ва ба назди мудир тохт, ки низ дари корхонаро калид мегардонд.
– Медонед-чӣ? Мудир-ошно! Ҷамъияте моро ба воя расонд, ки бо чунин рафтору кирдори шумо муросо кардан имкон надорад. Аз пешоҳанг то академик як барнома дошт; пешоҳанг ва академикро якранг – бепул табобат мекарданд.
Имрӯз дар таги даратон одам мурад, парво надоред.
– Дунёи бӯқаламун, ошно. Ҷав корӣ, ҷав даравӣ.
– Ҳааа, фаҳмидам шумо кӣ ҳастед; шумо мисли он занаке, ки ду танга ёфта, дар бозор ҷор андозад: «Агар Истиқлолият даҳ сол пештар меомад, ман ҳоло «миллионер» будам!»
– Бале, ошно! Қӯри Истиқлолиятро ҳар кас ба рӯйи кӯмоҷи худ мекашад. Диққат карда бошед, фоҳишаҳо дар кулбаҳо нағунҷида, сарироҳӣ шуданд. Савдогари тоҷикистонӣ арзонтарин моли чинӣ оварда, даҳболо нарх монд. Силоҳбадаст ҳар киро хост, парронд...
– Шумо ошно, бо чунин калла набояд дар чунин ҷойи масъулиятнок кор кунед. Шумо бо чунин мафкура, ҳар киро хоҳед, зери теғ...
– Ва шумо барои пул модари худро...
«Вооой, болам!»
– Ана пул! Ана пул! Мана пул!
Аз ҳар киса доллар бароварда, рӯйи каф дошта, зери чашми мудир бурд писар ва дод зад:
– Чақа гуфта будед? Гиред! Модарро саломат кунед!
– Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб диҳанд... Садои модарро нашунидед?!...
10.06.10.

пешина
аз 344
навбатӣ