МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Тӯҳмат! Дар дигар ҷойҳо нашуданаш мумкин, лекин дар мо... мебахшед-дия... Боз?! Боз-боз! Гуфта шинам?! Бошад, гуфтан гиред!
«Нест!»
– Нест?! Кӣ гуфт, ки нест?! Лав задай! Шумо метарсед!
«Доруҳои кӯҳнаро мефурӯшанд».
– Мард бошӣ, хеста гап зан! Сара миёни чатан карда, гап назан!
«Ман медонам кӣ буд, раис»
«Шуд. Ту ин аҷалрасидаҳоро номнавис бикун, ба дигараш корат набошад...»
«Газ нест!»
– Дуруст! Мо газ надорем, чунки ҳоло таги поямонро накофтаем, ковем, барояд! Дар рӯйи замин гардем, лекин зери поямон лағҷонак... Касони дар сиёсат ноустувор набояд бо мо бошанд! Ҳар кӣ аз мо нест, бо мо нест!
15.06.10.
ДУЗДӢ
Ман ҳам дуздӣ кардам. Пас дар рӯйи замин ё зери замин каси дуздӣ нокарда набувад; чунки ман хешро чун ҳама поку порсо гирам ва панди зиёд гӯям, то дигарон дуздӣ накунанд.
«Наход, шумо ҳам ин корро карда бошед?»
«Ёд надорам. Лекин рост ё дурӯғ, ба хаёлам як бор чунин ҳодиса рух дода буд: Амакам халифа (ҷувозкаш) буд. Чун, он солҳо, мардуми деҳ қудрати рӯғани зағир харидан надоштанд, амакам рӯғани як ҳафта гирди кундаи ҷувоз гашта, ҳосил кардаро дар ду чалак ғун оварда, дар ду чашми хӯрҷин андохта, рӯзи якшанбе, харсавор ба бозори шаҳри Панҷекат меовард ва дар растаи «Рӯған» якеро зери пештахта ва дигареро бар пештахта гузошта мефурӯхт. Азбаски мардуми шаҳр дар рӯзи бозор харид мекарданд ва ҳар рӯзи истироҳат оши палов мепухтанд, растаи рӯған сермизоҷ мешуд ва сари фурӯшгорро гаранг мекарданд. Ман, ки дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр таҳсил мекардам, амакам маро ба ёрӣ даъват кард. Вазифаи ман он буд, ки ӯ зуд-зуд равған чен карда ба зарфи харидор андозаду ман пул чинам. Пул дарза шуд ва ақлам куҷо рафт, ки як бисту панҷсумаро қат карда, ба кисаи шим задам ва хеле худро ноҷӯру нороҳат ҳис кардам: «Амак дида бошад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо