МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Одамон дида бошанд... Чӣ шавад?» Сипас чашми ману чашми амак шуд, то аз нигоҳ, аз ваҷоҳат дарёбам, ки пай бурдааст ё на? Ӯҳар бори чалакро бардошта ба андоза равған гардонида, ба зарфи касе рехтан ҷеҳра ва лабу лунҷ, даҳону бинӣ ва амалу ҳаракатро ба ҳар ранг мегардонд: чашмаш тангу кушод мешуд, даҳонаш кушодаву пӯшида, лабонаш каҷу килеб, раги гардан мисоли тирак дамида ва бадану дасту пояш ларзида хаму рост мегашт ва имон дошт, ки ман бе ҳеҷ макру ҳиял пул чинам ва яке харидор аз назарам наафтад.
Ду зани ғайр дар шишаи бепӯк ним қадоқ равған гирифта, болои сар бардошта, рӯ ба ман оварданд: «Бача, бақияи бисту панҷсумаро намедиҳӣ?»
Як қад парридам, ки чаро маҳз «Бисту панҷсума?» Посух ба онҳо надода, сӯйи амак нигаристам. Ӯ чалак болои пештахта гузошта, сӯям нигарист. Хиҷолат кашидам: «Корро бало зад: дуздии маро амак дидааст, харидорон низ».
«Бача, мо вақт надорем!» – садо баланд карданд занони бегона.
Ҷиддитар ба амак нигаристам, вале гуфта натавонам:
«Онҳо пул надодаанд». Лек тарсам, ки онҳо аз тори пештахта ҷаҳида, гузашта, аз кисаам бисту панҷсумаи қаткардаро бароварда, «ана пули мо» гӯянд. Танам тар шуд; надонам аз арақ буд ё... зеро дар умри сарам як бор дуздӣ кардам ва ба даст афтодам. Шармандагӣ. Шармандагӣ гуфтан кам; надонам боз чӣ ном дорад он? Баробар ба он аст, ки замин кафаду зери он шавӣ.
Вале мушкили маро ҷавонмарди сӯхтаранги тори пештахта нишаста осон гардонд: ӯ ҷаҳида поён шуд ва бо шаст омада ба шиками занаки даст сӯйи ман барои пул ёзида лагад зад. Зан шикам доштанӣ шуд; шишаи равған аз дасташ раҳо гашта ба замини бетонӣ бархӯрд ва шикаст. Равғанаш рехт. Занак низ баробари шишаи шикаста ба замин дароз кашид. Ҳамроҳаш занаки рӯймоли сиёҳ то паҳлӯи чашмон баста ба ҷавонмард дарафтод. Ҷавонмард ӯро низ лагад зад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо