Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Чандест, ки шумо маккораҳоро мушоҳида дорам. Аз куҷо пайдо шудед?!»
Занаки вовайло хуфта моросо хазид миёни одамон ва паси пойҳо паноҳ бурд. Зани дигар шаттоҳӣ карда, гурехт.
Даҳон воз ҷониби ҷавонмард нигарон мондам. Касе надонад, ки ӯ кист ва чаро чунин амал кард? Боз дасту поям ба ларза даромад: «Рафтору кирдори занҳоро, ки мушоҳида карда, ҳама чизро дида бошад, пулдуздии маро низ дидагист». Ба чашмам коргари масъул тофт ва ҳамин замон омада, дарзаи пул аз дастам гирад ва «бурор!» гӯяд. Ман саркашӣ накунам; зеро ӯ дида. Саркашӣ ё истодагарӣ суд надорад. Ӯ зӯр. Касе баробар шуда натавонад бо ӯ. Худ аз худ дасти рости пулдорам ҷониби амак ёзид. Ба назарам ҷавонмарди сиёҳ ҷонибам теғи нигоҳ андохт. Даст пас кашидам. Зеро амак карахт буду хомӯш ва майли пулгирӣ надошт. Чунин манзараву ҳолатро таҳаммул карда натавонистам ё дарку дарёфт накардам, ки чӣ маънӣ дорад. «Яқин барои бисту панҷ суми кисаам. Якҷоя гирифтанӣ...»
Ҷавонмарди сиёҳҷурда дигар коре накарда, касеро чизе нагуфта, бар асари занони ношинос рафт. Касе надонист, ки ӯ кӣ буд.
Амак аз болои пештахта гардан ёзида равғани аз шишаи шикаста рӯйи замин рехтаро, ки баъзеҳо пахш карда нақш бар роҳ гузошта буданд, аз назар гузаронд ва ҷигот андохт; сонӣ чӣ ба ёдаш зад ё чӣ андешае дошт, ки табассум кард.
Агар андешаҳои пештара бошанд, донам, ки саргузашти ҷангиашро ёд орад ва ё шуморад, ки аз паси аспи ҷувоз чӣ роҳи тӯлоние паймуда; роҳи ҷабҳа тӯлонитар буд ё роҳи марзаи гирди кундаи ҷувоз, ки баъзан сарашро чархи фалаки гардон мекард. Ман ҳеҷ пиндори хешро бо андешаҳои ӯ баробар карда натавонам; хаёлҳои кӯдакист пиндорҳои ман, орзуву умед; андешаҳои ӯ саргузашт – дида ва шунида; гуфти худаш, ки чанд бор мурда, зинда монданашро ҳисобад.
Ман дар оянда кӣ шуданро орзуву хаёл кунам... Бо ин ҳама донам, ки тарс дар пеш аст: Душмани ашаддиам дар киса ва илоҷи онро бароварда ба пулҳо ҳамроҳ кардан нест; хаёлам, чашми ҳама ба дарзаи пули дастам ва ба дасти рости холиам, ки кай лағжида, ба киса дарояд.

пешина
аз 344
навбатӣ