МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хуб нигарам, ҳама гирифтори хаёлу андешаи хеш, ки имрӯз чӣ харид кунанд ва то якшанбеи дигар рӯзашон чун гузарад. Ҷойи ҳама андешаҳоро кирдору симои он ду зани хунукрӯву ҷавони сиёҳҷурда гирифт: аҷиб он, ки чаро хапу дам ғайб заданд? Шояд хомӯшии пеш аз тӯфон бошад. Онҳо бо ҳам омада маслиҳату машварат бикунанд, ки корашон омад накард, пасон баргашта моҷаро созанд; кашокаш шавад ва маро гунаҳгор донанд; овозаи кирдор ба гӯши падарам расад ва маро гӯшмол диҳад: «Бо чунин умед туро хондан фиристода будам?! А!
Бо ҳазор умед фиристода будам, ки дузд бишавӣ? Як ғамамро ҳазор ғам бикунӣ? А! А! А!?!» Оҳанги зарбаҳои ӯ чунин: ё химча занад ё шатта. «Шояд ҳушат ояд... Лекин одам нашавӣ...»
Амак охирин қатраҳои рӯғанро аз чоба гӯё ғиҷ кунад ба зарфе. Харидоре пурсад: «Боз ҳаст?»
«Нест».
«Рӯғанчароғ ҳам нест?»
«Нест!»
Ба назар охири дунё аён гашт: нестӣ. Аммо мардум мӯросо аз пайи ҷустуҷӯйи ризқу рӯзианд. На, зиндагӣ идома дорад:
Амак сӯям нигарист. Хаёлам каҷдуме дар ҷайбам ҷунбид; неш занад; танамро заҳролуд гардонад ва...
– Ин ҳаққи ту, – бисту панҷсумиро сӯям дароз кард баъди шуморида ба кисабағал андохтани пул.
– Ман ҳаққамро гирифтам, амак...
– Чихел?
– Ҳамон равғани рехта ҳаққи ман буд...
Бисту панҷ суми кисаро гуфтанӣ будам, гуфта натавонистам; зеро овоза мегашт ва то гӯши падар мерасид ва... андешидам, ки зарбаи ба дил расидаи бисту панҷ сум гаронтар бувад аз ҳазор зарбаю панди рӯзгори падар.
– Баччагӣ накун, гир! Аком гуфтанд, ки ман ин бозор ба шаҳр рафта наметавонам, ба бародарзодаат пул деҳ...
Мурда, зинда гаштам.
18.06.10.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо