МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ГУРГИ МОДА
Гург даромад ба девлох; ба девлохи канори ҳавлӣ, ки монанд ба работ буд ва гирдогирд бомпӯш дошт. На, надаромад, балки аз лаби бом ба болои гӯсфандон парид. Рамаи хуфта аз вазни садои гург рамида хест ва худро ба дари аз берун зулфину занҷир шуда зад, аммо дар кушода нашуд. Садои баъбӯъ ва сару тана ба дару девор задани онҳо ба гӯши шубон расид. Чашм кушода гӯш ба беруни тори бом дод ва безобитагии молро донист. Ҷома ба тан кашид. Тозон ба дари девлох омад ва аз каноре ба канор мисоли сели дамон задани рамаро дид ва занҷир аз зулфин бардошта даричаро кушода даромад. Рама сахттар тӯрида, гӯсфандон аз тори якдигар паррида мегузаштанд; зери пойи ҳамдигар мемонданд. «Ҳэҳэээй!» садо дардод ба оромии рама. Лек онҳо қарор истода натавонанд. Оне рӯ ба шубон оварда фирканд аз тарсу ҳарос; чашмонашон дар гиранд аз нури моҳ; боз рамида, тозанд ва садое ояд: «баъ!» Шубон чунин садоро донад, ки дар кадом маврид баланд шавад. Садоест, ки сайд аз харнои мол гирад ва он як бор «баъ» гуфта, гулӯгир шавад. Шубон садо набароварда миёни рама шуд, то онҳо ӯро дида пушту паноҳ дониста, ором гиранд.Ин замон чизе бӯрранг ҷаҳид сӯйи бом, вале дасташ нарасида ба пушт зад ва ба пой шуда, рӯ ба рӯйи одам истод ва дандон гиз кард чу саги хашмӣ. Зери партави моҳ бӯр намуд рангаш ва дандонҳо миёни лабони хунолуди возаш чун дандони носкашҳо тофтанд. Гурги дамидашикам, мазмун, аз серӣ ҷаҳида, ба бом расида натавонист. Ҳоло омода ба ҷаҳидан аст, ки мардро пештана зада, афканда аз гулӯяш гирад, чун одат. Зеро дигар роҳи раҳо надорад; ҳама ҷо баста.
Гарчӣ ҳайвонро беақл шуморанд, гург роҳи раҳоӣ ё пирӯзӣ ҷӯяд. Аммо шаъни одамӣ болотар аст аз ҳамагуна зӯру тавони ҳайвонӣ; ӯ ботадбир аст. Аз ҳайат, садо ва ҳилаву найранги ӯ ваҳшиён ҳаросанд. Барои раҳоӣ танҳо як роҳ монад: зӯр. Гург ҳамин олотро истифода карданист. Лек аз ҳилаву кордонии одам тарсад. Тану ҷонаш пур аз ғазаб, рагу пайванд таранг, ваҷоҳат нафратзо, лабон хуниву дандон тез, пойҳо истода ба ҳамла; дар нимравшании моҳ чашми одамро фирефта, ғофилгир карданист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо