Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чашми одам низ дӯхта ба чашми гург. Ҳама ҳолату сайёдии онро бинад ва омода ба ҷанг бошад: ду даст кушода ба ду тараф, дӯст ба оғӯш гирад ё душман. Зеро ҳамлаи гургро чунон дарёфта, ки ҷаҳида ба сари синааш занад ва аз гулӯ гирад мисли ҳамагуна дарранда. Вале ҳарду панҷа мушт дорад: дар дасти рост асои заранги шубонӣ ва панҷаи чап остини ҷома мушт кардааст, шояд аз бими дандони тези дарранда бошад.
Ҳама чизи дунёро фаромӯш карда, ҷуз андешаи ҳаёту мамот.
Қиссаи гургон беш донад, вале ҳолиё ҳама дур аз сар гашта, ҷанги одаму гург пеши чашмаш. Андешаи борик аз сар гузашт, ки зинда монад, чӣ шаваду мурда гардад, чӣ бинад? Магар пеши чашмаш гург ҳамлавар шуд, ки асо ронд. Асо ҳаво бурид, вале гург наҳаросид. Боз ба назар ҷаҳиданӣ шуд. Дили шубон низ ҷунбид, ки гург афсун дорад ва дами нафас сӯяш ронда гирифтор карданист. Беихтиёр пойи чап, ки пеш монда ба ҳуҷум тайёр буд, пас кашид. Дарёфт, ки гарм шуда, саропояшро арақ пахш кардааст: «Шарофати одамӣ баланд». Чунин нерӯманд гардонд хешро. Чашм аз чашми гург наканд, то чӣ рафтор бикунад. Гург саропо ғазаб буд. Одамӣ саропо оташ тофт ба чашмаш, ки марг ба шумор мерафт гургонро.
Ҳазору як хаёли роҳи мубориза ва пирӯзӣ ба сар омад одамро, лек амалӣ гардондани онҳо амре буд муҳол. Зеро намедонист, ки гург чӣ андеша дорад; балки ба донистаи ӯ ҳайвонҳо қобилияти фикру андеша кардан надоранд; бояд якбора ҳуҷумовар шуда сайдро ба даст оранд; чунки онҳо камин гирифта, пас-паси харсангу буттаҳо синамол рафта, ба сайд наздик гарданд ва ҷаҳида, аз гулӯ гиранд ё ба тахтапушташ савор шаванд... Ҳоло чӣ нақша дорад? Одамро рӯшан нест.
Ҳатто наҷунбад он ҳайкали ғазаб; дандонҳояш тези сӯҳонзада ва димоғаш пур аз бӯйи хун.
Гург: «молат лозим нест, бояд туро бикушам; кашола карда бурда пеши гургбаччаҳо андозам». Шубон ғазаби дарунии ӯро намедонист. Низ андеша дошт, ки илоҷе ёфта даррандаро бикушад ва қатори гӯсфандони ҳаромкушта бихобонад ва саҳари баланд бонг зада, мардумро ба «ҷашни пирӯзӣ» хонад, то донанд, ки душмани зараргорро чун нобуд сохтан имкон дорад. Гурги бо нияти шиками баччаҳои гуруснаро сер кардан гирифтори девлох гашта пеши назар оварда, ки ҳама гӯсфандонро кушта, ором гирад ва ҷасади дарози шубонро кашола карда аз дарича барорад; зӯр ояд ҳам барозро бароварда, пушти шахи Себак барад ва баччаҳоро фармояд, ки нахуст аз гулӯяш гиранд; хеле муддат ором дандон сахт дошта, одамро бори дигар нафасгардон кушанд, сипас шикам дарида, дилу ҷигар хуранд, ки ин омӯхтаи одамист: аввал дилу ҷигар бирён карда, дар табақи чӯбӣ оварда, назди шишаи шароб гузошта хӯрад.

пешина
аз 344
навбатӣ