Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале одамиро аз гург пӯсту чангу таносули модина ба кор ояд: пӯсташро ба дӯкони (заготконтор) супорад; чангашро барои шуҷоъат нигаҳ дорад (шубонҳо қатори ороишиҳои банди ғилоф овезанд); таносулро ош дода, тоза карда, чилёсин хонда, дар тан нигаҳ доранд чун мушкилкушо ва ҳоҷатбарор. Шубон андар ин хаёл аст; дошт чунинашро. Бо корду банду ғилофаш дуздиданд. Боз дар орзӯяш. Лекин надонад, ки ин ҳайвон нарина аст ё модина. Агар рӯз мебуд, аз ёли гарданаш ва андозаи сараш муайян мекард. «Бояд бикушам... шарафу шарофати одамӣ баланд».
Рама ором надошт: садои фирк-фирку фих-фих меомад ва овози пойкӯбии баъзе серкаву гӯсфандон; садои гӯсфанди нимҷони миранда низ, ки гардан бурида, мағз назада бошад, нафас хун пош диҳад. Лек ҳеҷ садое ба гӯши шубон нарасад ҷуз садои нафаси гург ва шиддат гирифтани нафаси хеш. Ва дид, ки гург лаб лесид ва хӯрда гардонданӣ шуда зӯр ҳам зад, то қай карда сабук шавад ва ҳуҷум ба одам оварад. Шубон андаке ҷунбид, то омода ба ҳолати хӯрдабарори гург шуда ҳамла орад, вале корди шубонӣ дар хона монда. «Ба ҷои остини миёни панҷа корд беҳ буд». Корд зарур буд; мебод рафта орад, Аммо пас рафтан имкон надорад; зеро гург тарсу пиндошта, ситезад.
Онҳо чашм ба чашманд, ки бо зӯри нигоҳ ё зӯрии дида якдигарро мағлуб гардонанд. Дар чунин набард сайду сайёд нест. Ҳарду сайданд ва ҳам сайёд, баробар; монои ҷанги девон; мисоли оварди қаҳрамону аждаҳо; мисли одаму ҳайвон.
Дар ҳама набардҳои афсонавӣ одамӣ пирӯз буда; дар чунин ҷанги тасодуфӣ шубон бесилоҳ аст ва ноогоҳ рӯ ба рӯйи душман омада, чӣ андешиданро надонад. Андаки дигар истад аз ҳаяҷони зиёд ва таранг доштани рагу пайи тан шояд мадор суст гардад.

пешина
аз 344
навбатӣ