МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аммо касби гург чунин: тохтану доштану куштан. Ҳама умр омодаи набарду куштор бувад. Шубон ҷунбид, гург ҳаросид; гург омодаи ҳуҷум гашт, дастони ранги шохи каҷдум доштаро тангтар кард шубон ва асо бардошта шуд.
Дилаш ларзид. Якбора ҳуҷум оварда, асо задан хост, гург реб дод, асо нарасид. Якбора пойҳои пас ба замин тира карда, ҷаҳид. Асо зад шубон ва аз вазни гург якбара шуд. Гург ба замин зад ва зуд бархоста қад ба қад шуд бо шубон. Даҳон андохт. Аз нишон буд ё тасодуф асо ба даҳони гург омад. Тела кард. Ба гулӯ рафт, ки даҳон калонтар кушод. Дасти бо остин печидаро аз канори асо ба даҳони гург андохт ва пахш кард дарунтар; панҷа кушод, то дилу ҷигари ҷондори зараргори муфтхори дузд ва хунхорро кашида, дар орад; ку бинад, ки дилу ҷигари хеш бозгашт фурӯ дода тавонад ё на? Зеро беш фурӯ дода дилу ҷигари ҷонваронро; зиёд гулӯгир карда кушта молҳоро; баччадузд ҳам шояд ҳамин бошад. Аз ин рӯ шубон дар ғазаб, то ҳама қасд ситонад ва фардо ифтихор кунад, ки «баччахор»-ро куштам...
Аммо гург панҷаву чангол зад; даст ба сарсинаи одам гузошта, ӯро тела дод ва худро пас кашид, ки зоро раҳо ёбад.
Барои ӯ раҳо ёфтан муҳимтар буд аз ӯро хӯрдан. Айни ҳол хӯрда ва дасту асои шубонро гардонданӣ буд; зеро ҳеҷ замон чунин сер гашта, хӯрда то даҳон наомада буд. Оне ки як молро дар шикам ҷой карда барои баччаҳо оварданӣ буд, чунин гирифтанафас, дамгардон ва гаронвазну ландаҳӯр набуд. Бо вуҷуди он нафаси дамгардон барорад, то ба даҳону димоғи одам зада, гаранг кунад ва дасту пояш суст шуда, биафтад ва чаҳорпо худро пас кашида, бираҳад ва хоста бикунад. Лек одам ҳанӯз ҷон дорад. Зӯртар аз ҳайвон тобад: хаёлаш даст аз гулӯ гузашта, дарунтар рафта ва панҷаи ӯ дилу ҷигар ҷӯяд, то канда барорад. Аммо нӯги ангуштон ба дилу ҷигар на, балки ба чизи сахт расад, Яқин кунад, ки асои хеш. Ба назар халал расонад; дастро фурӯтар рафтан нагузорад. Вагарна даст андар нимароҳ андармон нашуда то охир мерафт. Балки дарёфт ҷома халал расонад, ки аз оринҷ боло шуда, даҳони гургро сахт гирифта...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо