Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ӯ майл ба афтидан дорад, на, гург майли афтидан дорад; вазн андохта ӯро афтондан хоҳад. Ҳарду афтоданд баробар.
Гург ноҷунбон буд. Одам ҳуш дошт. Дасти чап ва асо андар даҳони гург буд. Ҳоло асо раҳо кард ва аз паси гардани ҳайвон тавоне ки дошт, гирифт; чунон ки гург барои бачча аз ҷое ба ҷое бурдан аз паси гарданаш газад. Чун яқин кард, ки гург ҳолату мадори ҷунбидан надорад, ёлаш раҳида, низ рӯйболо дароз кашид дасту асо ёзида андар даҳони гург...
Субҳ ӯро мурда дарёфтанд андар канори гург. Гург низ мурда андар канори ӯ. Гӯсфандони мурда ҷо-ҷо. Моли боқӣ дуртар зери кодоки пешгаҳ гардан ба гардан: гӯшҳо чур, чашмон тез, сахт ошуфта. Баробари дарро кушодан онҳо хӯсида, худро баробар ба дар заданд ва тира-тира ҳамдигарро дошта, баромада натавонистанд. На дарро пӯшида мешуд ва на онҳо рамида, то ҷое мегурехтанд.
Пасон фиғони зани шубон баромад, ки аз гирудори дӯшина ноогоҳ монда, гургро дида тарсиду шӯро дида, ларзид. Ва ҷамъ омаданд баъди рамаи бешубон миёни деҳаро убур карда, сӯйи кӯҳ кашидан. Дасту асо андаруни гурги беҷон базӯр нафас гирифтани шубонро дида низ ба фиғон омаданд, Аз садои талхи зан ӯ чашм нимроғ кард. Ва абрӯ парронд. Зан надонист, ки хандад ба шӯхии ӯ ё сахт гиряд ба ҳолаш; зеро сару рӯ ажғо ва ҷома дарида буд ва гург дасташ фурӯ бурда. На дасти шубон кашиданд аз даҳони гург, балки гург канор кашиданд. Аз даҳони вози он даст бурун омад хуншор; остин дарида. Асо низ кашиданд. Даҳони қолабгирифтаи гурги бӯр пӯшида нашуд.
Шубон чашм кушод. Андаке ҳушёр гашт ва мардеро болои сар дида шинохт ё на, пурсид:
«Нар ё мода?»
Мард хам шуда думи гургро бардошта хабар гирифт ва фармуд:
«Мода».
«Олоташро қолаб бурида ба ман бидеҳ... Гӯшташро ба деги калон андохта, бирён бикун... То кай гург моро хурад... Як бор мо ҳам гургро хурем...»
4.07.10.

пешина
аз 344
навбатӣ