МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
МУСИЧАИ БЕГУНОҲ
Ин баччаи беадаб ҳоло бол надароварда, худро аз баландӣ ба замин андохта, парвоз карда рафтанӣ буд, оча пеши роҳашро гирифт. Зеро дар чунин ҳолат ҷуз марг чизе ӯро пешвоз намегирифт. Шояд ӯ адаб аз ойинаи нилгун омӯхта буд, ки баччаҳо ҳар қаҳрамонӣ кунанд, осебу зиён набинанд.
Тифлак сихпар набароварда ҳаваси парвоз дорад. Модар нагузорад. Зеро донад, ки онҳо бар олами амонат умр ба сар баранд, ки хасе аз ин бино фурӯ равад, кӯдак биафтаду нобуд шавад; аз лонаи чаҳорхаса, ки падару модар заҳмат кашида хас дар нӯл оварда сохтанд. Мардина як хас оварду болои душохаи ток гузашт ва дошта истод, то бод набарад. Модар рафту хас овард, падар аз нӯли ӯ гирифта бар хаси дигар гузошт, ошёни баланд шуд. Онҳо ҷуфт шуданд. Оча зоид як тухм. Нишасту хобид он ҷо; чӯҷа баромад. Дигар мусичаҳо ду тухм зоида, ду чӯҷа бароранд; аз сабаби тангҷойӣ ин мусича як чӯҷа баровард. Луччак буд. Ба ҷойи мӯяҳо сихпар баромад.
Чӯҷа худро дар баландӣ дид. Парвози рафтану дар ҷиғилдон ғизо оварда ва зӯр зада, онро ба гулӯяш андохтани модарро дида, ҳаваси парвоз кард. Хайрият, ки чунин амалро дар ҳузури оча ба ҷо овардан хост. Оча чунин ҳолат дида, дидбонӣ кард, то рӯйи чаҳор хас истодан омӯзад. Вале баччаро парешон дид, ки дар чунин баландӣ истода натавонад ва парвоз хоҳад. Яқин кард, ки чун пояш аз тори хас канда шавад, рост ба ҷаҳаннам равад. Аз ин рӯ аз назди чӯҷа дур шудан нахост то парвоз омӯхтанаш. Лек ҳарду гурусна монданд ва аз ҳолат рафтанд. Мусича «ку-ку-ку!» гӯён ҷуфташро хонд, то хӯрданӣ орадашон. Аз ӯ ҷавобе наомад. Ба ҷойи он забони ширини кӯдакона овоз дод:
«Мусичаи бегуно(ҳ),
Болои сандалӣ буро!
Аз думакат қайчӣ кунам,
Аз нӯлакат муччӣ кунам!»
Мусичаи бегуноҳ чун ҳамеша нигоҳи маъсумонаашро кор фармуда сар яктарафа кард ва дид, ки маъсумаи ширин, ки пинҳонӣ аз дигарон рӯйи кафи кушода донаҳои гандуми бибиаш барои суманак эҳтиёт кардаро дошта, онон ба меҳмонӣ хонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо