Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале ин замон аз кӯча садое омад монанд ба овози тири таппонча. Ин замон оча аз тарсу бим баччаро фаромӯш карда, ба будан ё парриданаш эътибор надода, парвоз карда, аз миёни дарахтони гелосу хурмо нишаста, ошуфтаву парешон ба ҳар сӯ нигарист; зарабони дилашро шумурда ё қарор дода наметавонист; зеро омӯхта шуда буд ба ҷуфт-ҷуфт ё мусалсал омадани садо.
Чӯҷа низ аз тарс ё ҳавою ҳаваси парвоз ҷаҳид аз ҷой. Чун норасидабол буд, пир-пир заду ба замин афтоданӣ шуд.
Маъсума кафи дигар кушод ва ҳамҷоя ба рафти паст омадани чӯҷа дошт. Чӯҷа рӯйи кафон омад. Духтарак дошташ.
Бодиққат нигарист, ки чу тифл хуш тобад: минқори нозуки на устухонӣ, на тағоякӣ ва на чандири мӯдарозкунак дорад, балки резини сустро монад. Сӯрохиҳойи хурдаки бинӣ болои нӯл ва чашмонаш гирдаи камранг; мисли чашмони паррандагони дигар бозигар нестанд. Балки маъсум ва бештар хоболуд; танаш лоғари камвазн. Маъсума пеши чашм дошт ва оҳиста – оҳиста пеш оварда нӯли он зери лабҳо гирифт ва нами даҳон расонд, ки шояд лоғарии мурғак аз он бошад, ки дар баландии беоб ташнаю гушна рӯз гузаронад; боз афсонае шунида буд, ки мурғон шир надоранд: «ташна». Вале мурғак сар ҷунбонида нӯл аз миёни лабони духтарак бурун оварданӣ шуд. Ӯ табассум дар лаб нӯли мурғакро раҳо кард ва боз нигарист. Пас кафи даст боз карда донаҳои гандум зери нӯлаш дошт, аммо он нанигарист: «Бихур!». Чӯҷа як ҷунбид, ки тарсро монад. Сонӣ беқарорӣ кард, то аз дом бираҳад. Гарчи садои шинос буд; Маъсума пеш аз ин зери хавоза бозӣ дошт ва бо овози баланд шеър мехонду суруд; дар васфи мусича низ мехонд, ӯро наҳаросонда буд; чунонки нағмаву овои ҷонварон касро гуворо расад, садои духтарак низ форам буд, аммо тарсовар; зӯри раҳидан зад, раста натавонист. Ӯ хона даровард чӯҷаро, то ҳар хӯрданӣ дода, фарбеҳаш бикунад ва болои сандалӣ нишонда «аз нӯлакаш муччӣ кунаду аз думакаш қайчӣ». Аз пахта лона сохт. Дону об гузошт. Аммо чӯҷа ба чизе нигоҳ накард ё ақли хӯрдан надошт; зеро оча мехуронд ӯро аз дилу ҷигар бароварда. Маъсума ӯро сари китф ва тори сар гузошта роҳ мерафт. Мусича ҳаросида хаму рост мешуд ва хешро нигаҳ медошт, лаззати парвоз чашида буд.

пешина
аз 344
навбатӣ