Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба ку-куи оча гӯш медод. Гарданак мезаду чашмак. Чизе гуфтанӣ мешуд наметавонист. Чунин парандаи беҷуръати рӯйи замин дигар вуҷуд надорад. Ба касе ё ҷонваре кор наддорад, дигарон низ ба ӯ кор надоранд. Соҳиби нозгунҷи амбору бозори ғалла ҳам ӯст. Аммо Маъсума чунон мартабаи баланд доштани ӯро надонад; лекин донад, ки иҷоранишини ҳар хонадон бувад; дар токчаву тори тиреза ва кодоки айвон лона гузорад; порӯяш низ чандон нанговар нест. Гунҷишкро ронанду ӯро на; зеро беозор аст.
Дастомӯз шуд, фарбеҳ гашт. Пару бол баровард. Хушрӯй шуд. Маъсума аз нӯлакаш мучӣ мекард. Рӯзе ӯро сари китф гузошта, рақс мекард, ки мусичае аз шохи дарахти хурмо «куку» зад. Чӯҷа сар бардошт, гӯш андохт. Магар садои ошно шунид, ки фиррӣ париду рафт. Маъсума аз дунболаш даст ёзид. Барнагашт. Назди модар болу пар афшонд ва ҳамроҳаш парвоз карду рафт.
6.07.10.

ТАШАККУР БА ДАНДОНПИЗИШК
Ӯ пештар беш мегуфт аз дидаву шунидаву дониста; ба ҳеҷ
ваҷҳ даҳони ӯро пӯшидан имкон надошт: чанд бор бо каф
доштанд, нашуд. Лабонашро бо скоч ба ҳам оварданд, нашуд;
дӯхтанӣ буданд, ки «тавба» кард. Вале пеши одамони ноошно
аз чунин ҳол мегуфт, ҳама дар таҳлука буданд: «Чӣ марди нотарсед». Пайвандон медонистанд, ки даҳони бефаровезаш
рӯзи Акоро ба сар орад ё Ҷумъаи «Де»-ро. Вале ӯро дарс нашуд: дар ҳар ҳолат ғу-ғу мекард. Чун духтур бурда лабонашро дӯхтанӣ шуданд, хап кард. Аммо дар танҳоӣ мегуфт ба
сангу кӯҳу дарахт ва бештар ба об. Эрод гиранд, «хоб ба об
гӯям» рӯшод мекард. Хапу дам шуд. Аз пеш касе ояд, нахуст
ба пас менигарист. Касе набошад, ба каси рӯ ба рӯ чизе
гуфтанӣ мешуд, чун ёдаш меомад, тавба кардааст, кирдори
Ҷумъаи «Де» мекард: як даст ба даҳону як даст ба мақъад. Бо
вуҷуди он тоқат наоварда, ба он кас ё имои сар мекард ё абрӯ
мепарронд. Огоҳ бошад, ӯ низ сар афшонда ё абрӯ парронда,
табассум карда мегузашт. Оқибат дандондард шуд. Назди дандонпизишк рафт.

пешина
аз 344
навбатӣ