Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ӯ дандонашро кофту гаҷ кард. Устухони паҳлӯйи дандон гоҳи нонхойӣ паррида тез шуд. Ҳангоми даҳон кушода пӯшидан, гуфтан ё хойидан забон мегазид.
Мушкилот пеш омад: дандон бояд канд ё аз гуфтор бояд монд. Чашм пӯшиду даҳон кушод.
17.07.10.

КӮРОФТОБ
Зани лоғарандоми читпӯш, ки рӯ ба рӯйи офтоб истад, аз зери пироҳан поҷомааш метофт, тубраи шол ба банди дил пахш карда буд, то синааш натобад, Зеро дар он замон занонро расм набуд ва ё надоштанд, ки аз таги пироҳан синабанд гузаронанд. Чашм ба дари бастаи анбор дӯхта, то андозае китфон ба пеш майл дода, синаи дамида пинҳон доштанӣ буд ва гоҳи рӯ ба ниёз оварда, халта дароз кардан бикӯшад оринҷҳо рӯйи сина дорад. Вале дер кашид интизорӣ. Ҳар гоҳ чашм ба роҳ гардонда, боз ба қуфли кашоли дарвозаи дутабақаи вазн ба замин андохта дӯхта, ба чизе ё рӯзие умед баста буд. Ва кӯдаки аз гуруснагӣ мурда, инчунин кӯдакони зиндайи дар ошхона беҳолу мадор ғелида пеши назар омад ва шӯйи беномунишони майдони ҷанг. «Бо умеде, ки шояд доне ба каф ояд, каллаи саҳар баромадам... Гушнагӣ давонад...
лучӣ шинонад». Аз ин хаёл боз тубра ба тан ҷафс кард, ки пироҳани яктаҳ чандон напӯшонад; ёри лучӣ. Чун аз зиёд росто истодан пой вазн набардошт, ғарибона пушт ба дари анбор такя дода нишаст ва чашм ба хари думбурида дӯхт, ки даштбон карда он корро. Он замон чунин тартиб ҳам дошт, ки моли бесоҳиб набояд ба полезу мазраъи колхоз дарояд. Як бор дарояд, ҳабс бикунанд. Ду бор дарояд, гӯшашро бибурранд, бори саввум думашро. Шояд зан аз кӯтаҳдастӣ, «ризқи ҳайвон аз замин» гуфта, харро нигаҳбонӣ накарда, ки хари берӯзӣ чунин шаклу ҳол гирифтаст. Бегона ҳам пай барад, ки ин рӯзгор бемардина. «Худоё – Худовандо! Ба номат бимирам!» Чӣ буд, ки худ аз худ нигоҳаш аз ҳама чиз канда шуда ба осмони софу беғубор бархӯрд; чӣ чизҳо аз нури хуршед дар фазо ҷило дода, худ аз худ нопадид мегаштанд ва зан номи якеро ҳам намедонист, ҷуз ғози мизон. Зан ин чизро хуб шиносад, вале надонад аз куҷо рӯяд.

пешина
аз 344
навбатӣ