МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Оне ки ҳама киштаву рустаҳо пухта расиданд ин ғози абрешим дар ҳаво пайдо мешуд; ба сару рӯ, чашму бинӣ бархӯрда, касро безобита мегардонд; чун қатори турна мегузашт ва дар шохи дарахтону гулбуттаҳо мечаспид, вале ҳоло айёми мизон нест; аз куҷо пайдо шуд ин тори мизон? Ба парашут монанд. Тана ҳам нест.
Худ аз худ ба боло нигарист, ки шояд анкабуд танад; ӯро чун магаси ба дом уфтода печонад. Ба раги гардан нояк гузошта хунашро макад. «Аз куҷо хун дар тани мурда?» чунин омад андеша ба сар, гарчӣ зинда буд. Ғоз ё танаи часпак низ вуҷуд надошт, лек ба назараш омад ва ба хадукаш расид. «Сабил мон...» пушти даст зад он чиро, ки набуд. Даст ба дарвоза бархӯрда ҳушёр гашт, ки андаке пеш кори тортанак пиндошта, ба он ҷо нигарист. Лек он дар хоб буду ҳолиё дар бедорӣ.
Саросема шуд, ки дар деҳаи бегона зани калон хоб рафтаст.
Каллаи азон хеста буд; як фарсах роҳро тай карда, хаста гашта, дар интизории анбордор ғанаб бурдааст...
Лек анбордор тубраи дароз кардаи ӯро нагирифт. Ба пушти панҷа пас тела дод. Чунон ки худи зан ғози мизонро пушти даст зад, сахту тез набуд, балки боодоб тела дод мард. Муроди зан ҳам аён буду радди мард ҳам: «Нест, хоҳарак, нест. Аз хаммаҳо бӯйи муш меояд». Гӯйӣ дасти зан шикаст. Даст пас кашида натавонист, балки тубра афтид; дасти беҷон борро бардошта натавонист ва тубра лағзиду ба замин зад. Дили занак ҳам фурӯ рафта ба тарозуйи азими борбардор, ки монои кати чоркас суфа дошт, бархӯрд ва чанги чандин вақт боз бар он нишастаро бо хуни гарм тар кард; нақшаш боқӣ монд. Чунин намуд; зеро зан ба рӯйи мудир нигоҳ карда натавониста дидаи умед ба тарозу дӯхта буд, ки марди «сағирпарвар» ном бароварда тубраи ӯро аз гандум пур кунад ва ба ҳамин тарозу баркашаду ба номи бевазан, ки шавҳар аз ҷабҳа барнагаштаст, бинависад дар дафтари «вом». Мурдааш-ку мурд, пеши чашми модар ду кӯдаки беҳол, ки рӯйи хона буду аз рӯяшон модар занҷири дар овехта омад, ҷунбиданд; ҷунбиданд; ҳарду баробар ғел гашта, бо илоҷе ҳамдигарро оғӯш карданд ва...
Чунон ки тубра аз дасташ фитода буд, худаш донад; аз шарми куртаи тунук ё беҷонӣ аз пой фитод ва сараш ба тарозуи оҳан зад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо