МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тарозу аз хуни пешониаш рангин гашт. Рӯймол пеш кашида сахт баст. Вале хун мезаҳид. «Найранг накун хоҳар, модарам зинда гашта биёяд, ки як дон гандум дода натавонам.
Як хамма тухмӣ, ки хуни халқ». Шунид зан сухани ӯро, дигар зорӣ карда натавонист. Балки аз ҳаё ва ё бемадорӣ, ё беҳушӣ қомат рост карда натавонад. «Номам одам бошад ҳам шармам ояд ҳайвонсурат наздатон истодан... Вале аз гадоёна даст дароз кардан шармам наояд, то онҳо намуранд.»
– Онҳо зинда монанд, сарак чида, гандуматонро баргардонанд.
– Гандуми ман не, гандуми ҷамъият. Ман ҳуқуқи онро ба касе додан надорам, баркаш шудагӣ. Боз баркаш ба дашт бурда, коранд. Умед ба ҳамин тухмӣ. Ояндаамон ба он вобаста. Ба ҳар дармонда диҳем, мондагиашро зоғу заған аз ангор чида хурад. Аз замин чӣ рӯяд?
– Охир гуфтам-ку...
– Фаҳмидам. Лекин дода натавонам. Хуни халқ... Ба ҷабҳа низ ғалла фиристодан лозим. Ман хиёнат карда натавонам.
– Наход як ғилбор гандум додан, то баччаҳо намуранд, хиёнат бошад?
– Хиёнат, Хиёнати рӯйирост. Дидаву дониста; замона, ҳолу рӯз, ҷанги немисро ба инобат нагирифта, тухмиро бароварда додан, хиёнат нест?! Ҳамон деҳқони деҳқон аз гушнагӣ мурад ҳам, дар таги хамма тухмӣ нигоҳ медошт... Хафа нашав, хоҳарак. Хона равам, бинам, дар бисот ҷав ё арзан бошад, мефиристам...
«Ака! Раис шуморо ҷеғ доранд!» – Кӯри Эгам – мудири анбори асбобу анҷоми хоҷагӣ буд ин одам ва дӯконаш дар паҳлӯйи дари анбори ғалла.
Аз ҷон хуштар мудири се ангушти миёнаи дасти росташ бурида бо ду ангушти башорату ангушти сағир кашакқуфли бар гардани тарозу бор кардаро гирифта, чанд қадам сӯйи дар андохта «бароед!» гуфт ва чӣ хаёле ба сараш зад, ки баргашта қуфл бозгузошт ва писари ёздаҳсоларо фармуд: «Касе ягон чиз орад, то омаданам нигаҳ дор... Мабод ки ба касе чизе диҳӣ!»
Занак ба пойи писарак афтод: «Мезаката хурам. Додаракот мемуранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо