МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шояд мурда бошанд. Агар мурда бошанд, гандуматро гардонда меорам. Раҳм бикун! Як хокандоз, як зағома гандум деҳ!»
– Шунидед падар чӣ гуфт? «Хуни халқ!»
– Мудир дар майдони ҷанг тарсидагӣ. Меларзад. Сараш ҳам меларзад. Лекин ту натарс. Ҳамонҳо намурда калон шаванд, ватанро посбонӣ кунанд. Қасам мехурам, ки мурда бошанд, гандуматро оварда медиҳам!
– Падар донанд...
– Мезаката хурам, аҳата хӯрам! Худо ба ту фарзанд диҳад; ба ризқу рӯзиаш диҳад. Чунин рӯзи шумро набинанд. Холат мурад ба ту!
Зан он қадар нолиду ашк рехт, ки дили бачча об шуд.
Тоқии кӯҳна аз сар гирифт, то гандум пур карда ба тубраи занак андозад, аммо бозпас ба сар гузошт ва бурун рафта, аз паси дарвоза ба роҳ нигарсит, ки падар тобад ё на. Баргашт тарсону ларзон тоқӣ боз гирифт ва ба тубраи ӯ ду тоқӣ гандум андохт. «Мурамат, як тоқии дигар...» «Шумо чихелин занак?! Мекушанд!» гуфту ларзид сахттар. «Худо умрата дароз кунад... Хока гирӣ, зарр гардад. Намурам, дар тӯят арғишт меравам». Фармуд зан ва писарак бо каф тоқиро аз гандум пур карда, ба тубра андохт. Зан тохт сӯйи дар, то анбордор баргашта, набинад. Дили занак он қадар заду ӯро аз пой афканд, ки нӯхтаи хар аз симчӯб кушода натавонист. Роҳгузаре ресмони хар кушода, ба дасташ дод. На ӯ харро пеш мекашид, балки хар ӯро этав дошт.
Падар наомада, кӯри Эгам аз дари анбор чанд бор ба писар каҷ-каҷ нигаристу чизе нагуфт. Дили ӯбозӣ дошт, ки падар фаҳмад, чӣ кор бикунад? Баъди чанд бор ба худ печида, дар тори суфачаи тарозу мурда, боз зинда гаштан худро ба хоб зад. То омадани падар азоб кашида, аз карда пушаймон буд, ки гуфтаҳои падар ҳақу ростанд, беҳуда тухмиро дод; хурсанд низ буд, ки баччаҳои занак зинда монанд, хидмати ӯ низ ҳаст.
Сояи падар анборро тира гардонд. Кӯри Эгам вазъу ҳоли ӯро дида ба ишора чизе пурсид. Овози падар омад: «Имсол ба замин чӣ мепошӣ?» мегӯяд раис!» Писар хешро ба хоб зада бошад ҳам имову ишораҳои онҳоро бинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо