МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз сухани раисро гуфтани падар тарсид. Аз имойи Кӯри Эгам, ки ба занак гандум додани писарро гуфт, сахттар тарсид; мурданивор тарсид.
– Занак куҷо рафт? – риштаи тарсашро тарси овози падар бурид. Вале ӯ хештан ба хоб зада, садо нашунида гирифт. То падар бо даст ҷунбондан гӯё чизеро пай набурда буд. Як қад парида ва гӯё тарсида хест.
– Занак куҷо рафт? – пурсид падар.
– Намедонам...
– Туро хобонда, анборро тохт?!
Чизе нагуфта, худро ҳайратзада вонамуд писар ва сӯйи дар нигарист, ки Кӯри Эгам сӯяшон чашм дӯхтаст. Вале падар дигар чизе напурсида, аз гӯшаш гирифт ва бардошт. Писар дарёфт, ки дасти дуангушта не, балки дасти солими чапаш амал дошт. Ба назар, гӯшаш ҷағида, аз бех канда шуд, вале ӯ рост истод. Аниқ кандашуда пиндошта, нигарист ба замин, ки хун чакад ё на. Гӯш раҳо карду бо дасти солим ба рӯйи росташ зад, ки аз чашмаш оташ парид ва кару гунг гашт. Падарро не, Кӯри Эгами зардро нафрат хонд, ки яқин ҳамаро мӯ ба мӯ фурӯхт. Фиғони баланд бароварданӣ буд, ки ба болойи ноинсофӣ, ки баччаҳои зан аз гушнагӣ муранд, ёрӣ карда натавонанд, боз ӯ чунин озору шиканҷа кашад. Додаш набаромад, лекин дарунаш пур аз доду фиғон буд. «Бидав аз пасаш!
Гандумро гардонда биёр!» Баробари аз даҳони падар баромадани ин сухан ба дарди гӯш эътибор надода, писар тозон бадар рафт ва даст ба гӯши ба назар даридаву варамида бурда, хабар гирифт, ки ҷағида, хун баромадаст ё дар ҷояш. Баъд чашмаш ба нигоҳи якчашма афтод; чашми чапи фурӯрафтааш ба назари писарак гӯри фурӯрафта намуд: «Худованд бояд ҳар ду чашми туро кӯр мекард!» беодобӣ бошад ҳам чунин фармуд ва аз таҳдиди Кӯри Эгам буд ё амри падар, ба дарди гӯшу рӯй нигоҳ накарда тохт. Гӯш луқ-луқ кард, садои бегона низ баровард. Чанде давида, дар дилу сар аҳд кард, ки аз дунболи зан натозад, балки ба ҷойи дигар ғайб занад, то падар умрибод гумҷӯй шуда, наёбад. Чун аз чашм ғайб зад, нишаст канори роҳ ва алам тоза кард; ҳар қадар андар ашкдон сиришк дошт, рехт: «Напурсидам аз модар, ки падари зойида аст ё падарандар?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо