Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сахт алам кашида буд писар. Ҳеҷ гумон надошт, ки баройи як миқдор гандум падари худӣ чунин ситам бикунад. Баъд барои он ки баргардаду аз Кӯри Эгам қасду алам ситонад, ҷаста хест ва то дами дарвозаи Анор тохт. Дарвоза аз берун занҷир буд. Бардошт занҷирро. Як табақаро андаке тела дода даромад. Дари хонаро низ кушод ва ду кӯдакро дид, ки сарбапо ёзида буданд; чашмон боз, вале касро намедиданд. Пӯшидан ва занҷир овехтани дарвозаро фаромӯш карда, тохт, то тезтар хабар ба падар барад... Аммо дар миёндаштии байни деҳоти Амондараву Майкада оламро бесоҳиб ва хешро бепаноҳ дарёфта, нишаст рӯйи роҳ, ғаши кӯдакона кард ва тангдил гашт; чунон ки ҷомаи шустаи обкашидаро миёни муштон тофта, обашро ҷафида резонанд, хешро чунин афшурд; сипас монои кӯдаки ноилоҷ поча зад ба рӯйи хок дупоя ва сангчаву чӯбча пойҳо канду дарид, парво накард. Зеро ӯ дигар падару он занак ва ҳеҷ касро дидан намехост; аз зиндагӣ сер шуд дар навҷавонӣ; худкушӣ карданӣ буд. Сӯйи Зарафшон, ки аз баландиҳо шӯрида, сар ба сангҳо зада, омада дар ҳамин ҷо – пушти сари ӯ парешон, паҳновар, ҳамвор, суст ва ба шохобчаҳо ҷудо мешуд, сар тофт. Чун ойина нури офтоб баргардонда буд об ва ба чашми ӯ нимкора расид. Шуъо дар ашки сари мижгонаш низ акси дубора ёфт.
Ашк сутурд, то раҳу рӯро хубтар бинад, ки касе сӯйи руд рафтани ӯро шоҳид нагардад. Аз роҳ гузашт сӯйи ҷарӣ, ки бузроҳа дошт ва ҳайвонҳо обхӯрӣ мефуромаданд. Аз ҷониби Майкада сӯйи офтобнамо харсаворе омад; хеле лаванд мегашт хар. Ҳарчанд савораш халачӯб ба гардану сари хар мезад, ҷонвар майли гашт надошт. Савораш зан бошад, хар чунин гашт бикунад. Писарак магар хару савор шинохт, ки аз қасду ният худдорӣ кард ва даррасидани ӯро нигарон шуд. Ин ҳамон зане буд, ки муштақ пинҳон накарда, талабида дар як гӯшаи тубра дошта, пеши полон гирифта буд ва сӯйи ҷарӣ майл кардани баччаи шиносро дида лингак зад, то маркабаш пой тез кунад. Аммо хари якгӯша кар ва бепарво ҳам буд, ки гардан мекашид. Омад-омаду зан хештан аз рӯйи полон ба замин партофт ва тубра тори полон гузошта, ҷониби писарак тохт.

пешина
аз 344
навбатӣ