МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ва аммо дар роҳ фоҷиъаи дигар рух дода буд. Дар як қитъаи роҳ гӯё зимистон омада, барф борида буд, ки замин сафед метофт ва хари якгӯшаву думбурида сархам аз миёни барф йем мехӯрд. Чун наздик омаданд, диданд, ки хар орди рӯйи замин рехтаро лабакӣ занад ва тубраро бардошта афшонад. Орди ночиз замин сафед кардааст. Ва дами нафаси хару бод гарди орд паҳну парешон кунад ба рӯйи роҳ.
Ҳаждаҳи занак ба замин зад. Ба ҷойи он ки раваду хар ронад, нишаст ба замин ва сар ба сари зону ниҳод, ки чӣ коре буд, ки кард? Писарак шах шуд ва баъди хеле вақт ба худ омада, тозон рафта харро ронд ва нақши пову қатраҳои аз либос чакида ба рӯйи роҳи ордзада нақш баст. Ба назари писарак занак мурд. На сар бардошт ва на нафасгириаш аён буд. Пайкараи сархам гаштааст. «Гуноҳи ман». Садойи ларзони писарак ӯро сабаб шуд, то сар бардорад. Сар бардошту ҷунбонд: «Не. Айби ман... Гуноҳи ҷанг». Баъд хест. Чизе нагуфта сӯйи хари якгӯшаи думбурида рафт, ки як умр гуноҳи кабира кунад: аз гӯшу дум маҳрум гашт, панд нашуд. Ба гӯши солимаш пичиррос зад: «Баччакуш!» Писарак шунид; як қад парид: «Аз куҷо донад? Ё медонисту...» Пеши назар омад, ки баччаҳояш «НОН!» гуфта, ҳамдигарро оғӯш кашида, гӯши якдигар макида, рӯйи хона орому сокиту хомӯшанд ва дигар ҳеҷ гоҳ «нон!» гӯён фарёд назананд... Сипас халачӯби аз шавҳари ҷанграфта меросмондаро, ки гоҳи пиёда шудан зери полон хаста буд, гирифта рӯ ба рӯйи хар истод ва ба гӯши сиҳҳати он зад. Ҷонвари беақл сар афшонд, ки ин зарбаҳои муқаррарӣ, ки гоҳи суст гаштан ҳам зананд.
Аммо зан ба қоқаки сари он зад. Хар боз сар афшонд ва зан ба ҳуҷум гузашта, оламу одаму хар ва будану набуданро фаромӯш карда, резачин кард сари харро, ки ҷонвар ба чарх задан даромад ва зан баробари сари ҳайвони безабон гирд гашта, халачӯби заранг ба сари он мезад ва хар реб доданӣ шуда чап мегашт; зан ҳам чап гашта ба устухони сари хар мезад... Хари обсар ҷувозак мегашт. Чу чархи особ чу санги он давр мезад. Олам – замину осмон гирд мегашт. Сари зан низ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо