МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба доду фарёди писарак ва доштанҳои ӯ, ки зӯраш намерасид, нигоҳ накарда, мезад, то он беадаби роҳзани муфтхӯри баччакушро аз пой дарорад ва мурдаашро миёнаи роҳ гузошта, ба чизе нигоҳ накарда то хона тозад... Аммо гарди орд аз такопӯйи зиёд ва чархаки олам шудани хару зан боло шуда ба доману поҷомаи тар часпида, ду либоси тани Анор ба ҳам дӯхта буд, то гурехта натавонад... Халачӯб ва сару пойи хар низ хамир баста буд.
Хар мечархид; зан мечархид. Фалак мечархид. Ва пеши назари зан омад, ки санги особ чархад. Аз зери санг гард-гард орд резад ба хамма...
Хар аз пой афтоду рӯйи роҳ гардан ёзид ва ҳанги хари дигар, ки аз сӯйи Майкада меомад, онҳоро ҳушёр гардонд.
Ҳанги хари шинос. Ба тани писарак мурғак давид. Он сӯ нигарист. Хареро надид. Аммо кӯрофтобро дид, ки худро зери абри сиёҳ пинҳон карда буд. Пойҳои кашоли абри сиёҳ то замин расида буд ва дар тани он ғозҳои сафеди мизон часпидаву парвоз карда, рӯйи заминро пӯшиданӣ шуданд. Ӯҳайрон монд, ки чаро хуршеди тобон худро дар паноҳи зулмот гирифтаст? Ӯ посух ба пурс наёфта, сари хари резагашти шинос аз хамии роҳ шоён гашт ва тезтак омад. Ба хари рӯйи роҳ дарозкашида расида, бӯй кашиданӣ буд, ки савор ба гардани он сахт халачӯб зад, вале халачӯб аз миёни ду ангушти шохшакл канори дасти рост парида ба замин бархӯрд. Хараш фӯк хам карда хари хуфтаро ҳолат донистанӣ буд. Савор ба ҷойи халачӯб даст ба кор бурд; ба гардани он хам хӯрда, кафи даст ба гарданаш мезад, то қарор истад. Ҳолатро дида ҳайрон монд; ҷанг пиндошт ва орди рӯйи роҳ муаммо буд. Ақли писар нарасид ё зуъм дошт, ки халачӯбро аз замин бардошта ба падар диҳад. Ин корро занак ба ҷо овард. Гарчӣ мардро ҳоло раги гардан мулойим нашуда буд, халачӯбро гирифт. Зан гунаҳкорона ва илтиҷоомез ба мард зеҳн монд. Мард сар ҷунбонд: «Сабр кардан лозим буд». Баъд аз чашми хӯрҷин халтачаеро бордор бароварда, фармуд: «Худи раис рухсат дод». Зан сар такон дод: «Дер шуд, ако...»
27.02.10.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо