Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ОСОН БИКУН!
Хоби хирсона рафта ва ё чилла хобида, аён нест. Маълум, ки на хурад, на хобад ва на берун равад. Танҳо як бор «Рӯзи сию панҷум» ва баъди он «рӯзи сию шишум» хабар дод дигаронро; баъди он ҳар рӯзро мешуморид. Имрӯз дигар чиз фармуд: «Худо ҷонамро нагирад, ки халос хурам». Вале касе нафаҳмид, ки аз чӣ халос хӯрданист.Ягон кас намедонист, ки касе ӯро ситам карда бошад ва ё ранҷонда; балки фарзандон ва хешон ҳама чиз муҳайё оварда, то пирамард камӣ накашад.
Дар умри дарозаш хуб кашид ҷамарғаи рӯзгор ва азоби зиндагиро. Буд, набуд; пайдо кард, накард; дошт, надошт; хӯрд, нахӯрд; дод, надод... гузашт. Вале «чилла» чунон кашол ёбад, ки умри даргузар як сӯ, «чилла»-и нофармуда сад рӯ. «На мегирад, на бармегардонад. Оби дида чӣ суд дорад? Хандед! Ин дунё кирои гиря надорад; бояд хандид, ки ин қадар бозича сохтааст. Пирамон Рӯдакӣ гуфта буд, ман гуфта натавонам:
«лӯъбад, лӯъбадабоз» гуфтаҳои ҳамон пайғамбар. Такрор кардани мо чӣ лозим?» «Чиро бобо?» аз нофаҳмӣ абераи нозгунҷ, ки Бобокалон пушти сараш «кокули назр» гузошта, вале ба гирифтанаш фурсат наёфт, пурсид. Бобо даст ба гулӯ бурд ва оҳиста фармуд: «Ҷонамро». Абера хандид. Дигарон низ хандиданд гиряолуд. Нигоҳи каҷу ҳасратзои боборо дида дандонҳои ҳаргуна пинҳон карданд. Абера аз чунин ранг гирифтани ҳол ханда байни лабон фурӯ дод; низ гирист. Бобобузург даст ёзида «кокули назр» дошт ва кашид, абера пушт рафта, то сар ба лабу даҳонаш ояд, бӯй кашад. Аммо мадори даст нашуд, кокул аз дасташ раҳо ёфт. «Худованд, бигир амонататро!»
«Осон бикун!» Ӯ фарқ накард, ки садои кист. Овози шинос, аммо ӯро равшан нест ва чандон номашро ёд оварда натавонад. «Махмал? Не!» ӯ чунин нагӯяд. Набераи нозгунҷи ботамиз. Кокулдор писари ӯ; номаш аз ёди бобо рафта. Чашм пӯшид; зеро осон ҷон додани боборо мехост. Худи бобо низ ҳар гоҳ муроҷиат ба Худо дошт, кош, осон бикунад. Аммо чунин талаб кардани яке аз наберагон ё духтар беморро нафорид.
Мазмун, бобо сер нашудааст аз зиндагӣ; чизе мондааст берун аз дасту ихтиёри ӯ. Худаш донад; зеро кори шоёнаш он буд, ки рӯзгорро саришта кунад, пайдогар бошад; Худо давлати пирӣ диҳад; хор нагардонад.

пешина
аз 344
навбатӣ