Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лек надонад, ки давлати пирӣ чунин шавад ё чизе, ки ӯ мехост, муҳайё нест? Ба назари табор ҳама чиз ҳаст, бобои нороҳат хӯрдаву лаззат бурда натавонад. Аз ин рӯ ҳама ҷо холӣ, рӯфта ва пуч тобад. Осмон ҳаст; офтобу моҳу ситораҳо ба навбат омада, раванд; садои оби сой ҳам ояд; мошинҳо бо навбат садо диҳанд; хурӯс чун намози панҷвақта, қазо накарда, бонг занад... Ягон чиз дигар нашудаст. Аммо бобо мурд. Барои он ки ӯ хафа нашавад, чашм пӯшиду мурд, лекин ҳама овозу садову гӯяро шунавад. Чунин ҳол то «салоти ҷаноза» гуфтан, баъд гӯши мурда қуфл занад; кари кар шавад; кӯру гунг ҳам. Бобо шунавад, ки ба гӯяву мӯя оғозиданд. Ҳай гуфтанд, ки дар зиндагиаш нагуфта буданд: «Шунидӣ, бобоҷон?» Бобо беихтиёр сар такон дод. Онҳо чирри талх заданд; тарсиданд, ки мурда ҷавоб дод; ҷунбид. Бобо табассум кард. Онҳо канор рафтанд. Бобо хандида, чашм кушод. Онҳо бурун баромаданд. Бобо баланд хандид. Ба тавру тавони хеш баланд хандид, вале нашунид, ки садо баровард ё не?
Шодмонӣ карданд, ки бобо зинда шуд. Дуртар нафаре ношод.
Ин яке аз писарҳо, ки донаи гулӯи бобо буд ва намехост, ки падар боз ҳукмравойӣ бикунад. Зеро ӯ химча омода сохтаст, то ба сари ноаҳл шиканад. Инро танҳо чашми дили бобо бинад, ки писар гиря надорад, ягон тараддуд ҳам нест; фӯта кушода, аз зери ҷома баст ба камар ва ба хаёл рафт: «Бад мурдан надорад».Аммо пирмард бадиашро надонад. «Одам бишав!» гуфта, аз роҳи бад гардондан бад бошад, ӯ аз бад ҳам батар. Аҷаб он буд, ки гоҳи хандидан ҳалқи бобо тофт: даҳон мисли ғор тофт; зеро на дандон буду на он милку вораи фарбеҳ; бинӣ теғ дода болои бурут ва миёни устухони барҷастаи рухсор, чашмони фурӯрафта ва устухони пешонии аз чашму абрӯ ва бинию даҳон пеш баромада ва косахонаи бо як парда чарми сафеди офтобнадида пайваста аҷибтар аз ҳасту нести ӯ буд. «Ҳеҷ чиз надидам». Аз зеҳн гузашт ин андеша. Дилкашолӣ дорад ба зиндагӣ. Агар мисли Ҳоким мехӯрд ин дунёро, чӣ мегуфт дар чунин ҳол. Ба ҳар ҳол гуфт: «Осон бикун!» Валек гуфтаи кадоме сахт расид, ки мурдани ӯро хоҳад. «Банда – миранда».
Ҳарчанд зӯр зад, ки гардан тофта соҳиби овозро пайдо кунад, натавонист.

пешина
аз 344
навбатӣ