Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамин қадар фарқ кард, ки ин овоз он овоз нест, ки «осон бикун!» гуфта буд. «Ҳама мурдани маро хоҳанд...
Охир, ҳеҷ чиз надидам аз ин дунё! Ҳеҷ чиз надоштааст! Пуч будааст! Хӯрдану ридан магар ҳаёт аст? Мамот... Ҳама гап дар он ҷо...» То ин ҷо гуфт ба назари хеш, аммо баъд хаёл кард:
«Ҷӯйҳои равони шарбату асал ва шароб». Чунин шунида буд.
Медонист, ки чунин ваъда ҳаст, забони хушк ба лаб расонда нам кард ва кадоме аз калонсолон пахта ба об тар карда ба лаби ӯ молид ва қатра-қатра ба даҳон чаконд. Ҳаловат дошт. Ин нозукиро мурда ҳам пай барад. Дил кашол ба оби зиндагӣ, вале он ҷо Зам-зам ҳаст, ки намунаашро Ҳоҷӣ Расул аз Макка оварда ба як чумчааш як сатил оби сой ҳамроҳ карда, хуронда буд.
Боиси таассуф, ҳаҷ рафта натавонист; сабабашро ба касе нагуфт. Умедвор, ки якрост ба лаби ҳавзи Кавсар рафта, аз он об шикамсерӣ бихурад. «Аз ин тараф он тараф наздиктар... Лекин кас нахоҳад, ки мурад. Одам мехоҳад донад, ки баъд чӣ шуд?
мурда, баъди сад сол зинда шавӣ ҳам нағз. Лекин ҳамин хел мурда равӣ... ношукриш. Зода нашав буд; на медидию на месӯхтӣ... Тавба кардам, тавба... Азроъил ба Довуд пайғамбар панҷ рӯзак умр илова накарду ба ман илова кунад? Не... Ҳайфи сухан. Ҳайфи одам, ки беҳуда зери хок пӯсад. Ҳатто ба наздаш дарахт нашинонанд, ки мевааш ҳаром шавад... Ҳайфи кас. Аз ин рӯ намурӣ, хубтар. Чӣ қадар дуъо кунанд, ки «намурӣ!» Лекин боз мурад кас. Дурусттар биандешӣ, одам гапногир; қасдан кунад ҳар корро: «Намур» гӯйӣ, мурад, нек бикун, гӯйӣ, бад кунад. Мурдан беҳтар аст: «Худовандо! Ҷонамро бигир!
Азобам надеҳ!»
– Чӣ шуд бобо?!
– Аааа?
– Дод задед?
– Ман дод назанам, кӣ дод занад?! «Гир!» мегӯм, нагирад, чӣ кор кунам?
– Вақташ ояд, гирад.
– Мегӯйӣ-дия... Қабз кунад, мефаҳмӣ.
– Мо аз ин дунё чизе надидем...
– Ман дидам-а? Хока дидам. Ғайри «зойид», «мурд» чизе нашунидам. Ба яке хандӣ, ба дигаре гирйӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ