МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Гапотон нағз, бобо, ҳолӣ намемуред!
Бобо хомӯш монд. Ҳама ҷо ороми ором шуд. Якбора дил раг зад ё раги дастонаш кашид, ки нимхез гашт ва панҷаҳо мушт карда, базӯр ба ду тараф кушод ва то охир ёзонда натавонист. Танаш ва дастони бардоштааш шах шуданд ва муштон таранг. Чунин амалро ӯ ба ҷо наоварда, балки худаш чунин рух дод. Ҷонканиро монад. Вале онҳо «Хонаравшанкунӣ» гӯянд.
Баъд киро зӯр буд, кӯмак кард, то ӯро дошта хобонанд. Зӯр зад, дандон сойид; чун дандон надошт, даҳони бемор каҷ шуд...
Набераҳо рӯй пӯшиданд аз тарс.
«Осон бикун» садо омад ва мушти бобо кушода шуда, танаш низ мулоим гашт. Ҷоғи зер низ дар ҷояш қарор гирифт.
«Бобом артист шуден». Ҳама ё ними гирди бистари марги бобо омадагон хандиданд. Ин чизро бобо шунид; хаёле дар лабаш табассум хона монд. Аммо онро, ки «бобом артист шуден»
гуфт, нашинохт. «Ҷони бобо» гуфт дар дил. Баъд аз ин ҷо рафт; ҳушу хаёлаш баланд рафт. Дар осмонҳо сайр кард. Аз баландӣ заминро хуб дид; чизеро сарфаҳм нарафт; сонӣ дуд ё абр пеши чашмашро гирифт: «Ҳамин пеши офтобро мегирифтаст. Вагарна одамӣ ҳеҷ гоҳ дар зулмот намемонд, шаб ҳам намешуд; одам раҳгум намезад... Худи ӯ наметобад, ки як-ду даҳан гапамро гӯям...» Аз ҳама баъд як садои гӯшдари бобо баромад: «Наомад!» Онҳо саволборон карданд боборо: «Кӣ – кӣ? Чӣ-чӣ?» Ӯ аз садои баланди хеш кар гашта буд, ки нашунид. Дертар худ аз худ ба олойӣ даромад: «Азроъил наомад...
Мегуфтам, зудтар ҷонамро мегирифт. Дар дигар ҷо ҳозир; аз сари асп парронад; аз шохи дарахт ғалтонад... Аз ҷар. Аз ҷӯ...
об... оташ... ҳааа... Маро азоб диҳад. Аммо ҳеҷ рӯ ба рӯ нашавад, ки муродамро гӯям... Аввал пурсам, ки ҷони чӣ миқдор одамро гирифтӣ? Ҷони ҷонварон ҳисоб не; чунки ҷони онҳоро одам гирад; баъд худашон аз беақлӣ муранд. Аз беақлӣ. Беақлӣ набошад, хояи хирс миёни ду шохи ҷафси дарахт монаду ӯ бо зӯри хирсона худро раҳо карда натавонад; чунки гоҳи шохи зерро пахш кардан ҷонваракаш миёни ду шох ҷой гирифта.
Вақти пой аз шох гирифтан пучидаст. Сонӣ бо ҳама вазн бар он нишастаст. Лек одам чунон боақл, ки ҳеҷ нахоҳад мурдан; бо табар занӣ ҳам... Дареғ, намебинам, ки гӯям: «Сабр... сабр...
сабр. Одам аз сабр ёфтаст. Аз маро куштан чӣ мегирӣ? Як маркаби хароб дорам, ки баччаҳо ба ту надиҳанд; онро ба ту диҳанд, ба худашон ҳеҷ чиз намонад; ҳатто дилхушӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо