Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Худатон рафтан гиред, ман аз қафо меравам.
– Худо якта, бе ту як қадам монам! Ман дигар кӣ дорам?
– Дар он ҷо якто не. Дуто! Шуморо пешвоз мегиранд.
«Аком хона равшан карданӣ...»
«Бало! Аз рӯзе ки ман донам, ин кас хона равшан кунанд, ҳеҷ не, ки...»
«Бибӣ, мешунаванд. Рӯмо сиёҳ, наход ҳамин хел гӯед?!»
«Ман қасам хӯрдагӣ. Ҳамроҳаш барад ҳам қасдамро мегирам. Дар он дунё бошад ҳам, хафа карда кушам...»
«Астағфируллоооо!»
«Рӯмо сиёҳ, фаҳмиданд! Биллои азим, мекушанд! Нагӯед, охир ҳар гапа!»
«Чи-ба намегуфтагам? То ҳамин рӯза ба лабонам мӯҳр зада буд. Дар косаҳои талхак ош дод. Ду зани пешинаро кушт...»
«Ин хел нагӯед, янга!»
«Ман надидаам, лекин мегӯянд. Аммо дар пӯсти худ ҳис кардам. Вақташ омад, ки гӯям!»
«Ҳааа!»
«Дидед, ҳамаашро мешунаванд. Саломат шаванд, ана бинед-дия...»
– Кӣ ҳаст?
– Ҳама.
– Ааааа! Инҳо маро куштанӣ! Лекин ӯ намеояд. Беҳуда аз ӯ хафа шавем. Одамон ҳам мисли дигар ҷонварон худашон муранд... Ҳаром... Гӯшти одам ба касе лозим нест... Ааааа!!!
Зӯри ҳоҷӣ нарасад, ки дасти ӯро қат карда, хобонад. Бодфирракро рӯ ба рӯяш гузоштанд, то магасҳо дур шаванд аз сару рӯяш. Ҳулбӯву райҳону наъно гузошта рӯпӯшро гӯр карданд, то магасҳои гушна фирор кунанд. Онҳо дар девору ҳар риштаи кашол ва сими барқу чароғ нишаста, сими сафедро сиёҳ мегардониданд; чун бӯйи тези гиёҳ равад, боз ҳуҷум меоварданд ва болопӯш сиёҳ мешуд. «Дар лаҳад ҳам чунин гиёҳҳоро гузоред, то кирмҳо наоянд!»
– Ин хел беғайрат набудед-ку?
– Набудам... Шудам... Ҳоло аз худам тарсам... чанд рӯз шуд?
– Чилу чанд рӯз.
– Чилу чанд рӯз? Чилу... чанд рӯз... Ягон бандаи Худо ин қадар дард накашидаст, ки ман...

пешина
аз 344
навбатӣ